Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

оростанд. Рӯзи ҳафтум ба расми обову аҷдоди худҳо маликаро ақд карда ба Ҳотам супориданд.

Алкисса малика бар болои бистарҳои заррин бо ҳамроҳии Ҳотам бинишаст.

Ҳотам хост, ки чанд бӯса аз гули рӯи малика гирифта коми дил ҳосил кунад, дар ҳамон вақт ба назараш шаҳзода Мунир расид. Ларзону ҳаросон бархост.

Малика мутаҳайир шуда ба худ гуфт: «Чӣ айб аз ман ёфт, ки дар айни висол даст аз ман бардошт? Маълум шуд, ки дили ин аз ман рамида фикри дигаре кард».

Байт:

Ваъдаи васл чун расад наздик,
Оташи шавқ тезтар гардад.

Алкисса, малика боз ба хотир овард: «Ин сирро чӣ гуна пурсам?».

Дарзамон Ҳотам фаҳмид, ки ба хотири малика чизе омада, мутафаккир шудааст. Ин фикрро аз дили малика берун кардани шуда, ҳамаи саргузашти худ ва ҳикояти шаҳзода ва қиссаи маликаи Ҳуснбонуро дар пеши ӯ як-як баён намуд ва боз гуфт:

— Эй дилором, дар хотир ҳеҷ маёр, ки ман барои муҳимме омадаам. Дар ин вақт интизории он бечора ба хотирам расида, аз ҷои худ бархостам. Эй малика, хотири мубораки худро ҷамъ дор. Ман аз висоли ту зиёда хуррам ва хурсандам.

Боз гуфт:

— Эй малика, се саволи ӯро ҷавоб ёфтам. Акнун дар тараддуди ҷавоби саволи чаҳорӯми ӯям. Мехоҳам, ки барои ҳамин ҷавоб ба ҷониби Кулзум равам.

Малика гуфт:

— Пас моро дар куҷо гузошта меравӣ?

Ҳотам гуфт:

— Эй дилором, туро дар ватани худ ва дар пеши падару модари худ хоҳам фиристод.

Алкисса, муддати ҳафт шабонарӯз саранҷоми кори худҳоро карда, китобате ба хизмати падари худ навишт. Маликаро бо ҷамъи молу ашё ва канизони моҳрӯ ба ҷониби Яман равона намуд ва худи ӯ бо малика видоъ карда, ба ҷониби Кулзум равона шуд.

пешина
аз 269
навбатӣ