Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хонданМанзилу мароҳил тай карда, баъд аз чанд рӯз дар навоҳии Қулзум расид. Аз мардумони он ҷо пурсид:
- Кадом шахсест, ки мегӯяд:
«Ростгӯро ҳамеша роҳат дар пеш аст».
Онҳо гуфтанд: - Инчунин суханро ҳеҷ касе дар ин ҷоҳо нагуфта ва намегӯяд, аммо марди куҳансоле дар фалон қалъа сокин буда ва ин суханро ба дарвозаи худ навишта мондааст. Аз ин ҷо то ба макони ӯ се фарсанг роҳ аст ва номи он қалъаро Қурм мегӯянд. Ва мақсуди ту дар ҳамон ҷо хоҳад буд.
Дарҳол Ҳотам ба ҷониби Қурм равона шуд. Баъд аз муддате ба он ҷо расида дид, ки қасри баланде, ба дарвозаи он навиштаанд, ки:
«Ростгӯро ҳамеша роҳат дар пеш аст».
Байт:
Ростӣ овар, ки шавӣ растагор,
Ростӣ аз ту, зафар аз кирдигор.
Алкисса, Ҳотам ба хизмати он пир расида дид, ки азизе бар болои маснади шоҳаншоҳӣ нишаста. Ба чандин адаб таъзимоти пирро ба ҷо оварда, салом дод ва он азиз аз ҷои худ бархоста, Ҳотамро дар канор гирифт ва бар болои маснад бинишонда, аз Ҳотам пурсид, ки:
- Эй писар, номи шарифи шумо чист ва аз кадом ҷониб омадед ва ба кадом тараф меравед ва чӣ матлаб доред, ки дар ин ҷоҳо то ба ҳол ҳеҷ касе наёмадааст.
Ҳотам саргузашти худ ва аҳволи шаҳзодаи Мунирро як-як баён намуд.
Он азиз ба ин ҳама корҳои Ҳотам таҳсину офаринҳо мекард.
Ҳотам гуфт: - Эй азиз, шуморо марди куҳансол мегӯянд. Акнун ки шуморо мебинам, тораи мӯе аз риши шумо сафед нашудааст ва аз ибтидои бинои ин шаҳр шумо ба олами вуҷуд буда. Ба кадом кайфият ин дараҷаро ёфтед?
Он азиз гуфт: - Эй ҷавони ҳумоюнқадам, аз замони обод ва бунёд шудани ин шаҳр ҳафтсад сол гузаштааст ва умри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё