Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

мани пир зиёда аз ҳафтсад сол буда. Чунон ки дар аввали вақт марди қиморбозе будам ва дар шабонарӯзӣ қиморбозӣ мекардам. Рӯзе дар дасти ман чизе намонд. Чун шаб шуд, барои дуздӣ аз хона берун шуда, ба хотирам гузашт, ки дар хонаи раоё равам, чизе ёбам ё не, биё ки дар боргоҳи подшоҳ равам.

Алкисса, дар зери қасри подшоҳ рафта, каманд андохта боло баромадам. Атрофу ҷониби он қаср гашт карда, ба ҷое расида дидам, ки духтари подшоҳ бар болои тахт хобида ва канизони ӯ бар атрофи он тахт низ хобидаанд. Як дона гавҳари шабчароғ ба гардани он духтар будааст. Он замон кушода гирифтам ва аз қасри шоҳ берун шуда ба ҷое расидам. Дидам, ки дар он ҷо ҷамоаи дуздон молу матои бисёре дуздида оварда, дар қайди тақсим будаанд. Дарзамон назари онҳо бар ман афтод. Маро дар пеши худҳо хонда пурсиданд, ки ту кистӣ.

Ман аз рӯи ростӣ кору кирдори худро ба онҳо гуфтам. Дуздон хостанд, ки он гавҳарро аз ман биситонанд. Ногоҳ шахсе ба овози муҳиб бонг бар онҳо зад, ки аз зӯри овози ӯ тамомии шаҳру саҳро биларзид.

Дуздон тарсида, аз пеш гурехтанд ва он ҳамаи матоъ ва моли эшон дар назди ман монд.

Дарлаҳза он овоздиҳанда ҳозир шуда гуфт:
«— Ту кистӣ? Рост бигӯ ва илло туро дар ин ҷо ҳалок хоҳам кард».

Ман ҳамаи саргузашти худро баён намудам. Он мард гуфт:
«— Чун ту рост гуфтӣ, туро гузоштам», — ва ҳамаи молу матои дуздонро бар ман бахшид.

Он шахс боз гуфт ки:
«— Эй бародар аз қиморбозӣ тавба кун».

Дарҳол аз қиморбозӣ тавба кардам. Он шахс боз гуфт:
— «Эй бародар, умри ту ба ҳафтсад сол хоҳад расид».

Дарҳол ҳамаи он молу матоъҳоро бардошта дар хонаи худ овардам ва ин қасро аз он молҳо бино кардам. Мардумоне, ки бар ман инод1 доштанд, ғаммозӣ
карда ба асаси2 шаҳр гуфтанд, ки ин мард бисёр иф-

1 Инод — ба маънии кина, бахилӣ.
2 Асас — миршаб.

пешина
аз 269
навбатӣ