Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

лос буд, ин миқдор молро аз куҷо ёфта, ки ин ҳама қасру иморат месозад?
Асаси шаҳр маро талабида пурсид, ки:
«— Ин ҳама молро аз куҷо ёфтӣ?»
Ман аз рӯи ростӣ ҳамаи саргузашти худро дар пеши ӯ як-як баён намудам. Ба шоҳ бурданд, низ рост гуфтам.
Шоҳ гуфт:
«— Эй мардумон, инро ҳеҷ нагӯед, ки ростгӯ будааст ва ин қисм одамиро ҳеҷ кас надида, ки айби дуздии худро дар пеши подшоҳ изҳор созад.
Бинобар риояи ростӣ ҳамаи он зарҳоро шоҳ ба ман бахшид. Чандин сол аст, ки аз он зарҳо харҷ мекунам, ҳаргиз адо намешавад. Аз он замон то ба ин замон хосияти ростиро ба дарвозаи худ навишта мондаам, ки «ростгӯро ҳамеша роҳат дар пеш аст». Ҳар кӣ бошад, ба ҷуз ростӣ дигар сухан нагӯяд.
Чанд рӯз Ҳотамро нигоҳ дошта, меҳрубониҳои аҷибе намуд. Баъд аз чанд рӯз Ҳотам рухсат хост ва он мард ӯро рухсат намуд. Дарҳол Ҳотам рӯ ба саҳро карда равона шуд.
Баъд аз чанд рӯз маликаи Зарринпӯш ба хотири Ҳотам расида, ба ҷониби Яман роҳӣ шуд. Баъд аз чанд вақт ба ҳадди Яман расида дид, ки чашмаи обе дар назари ӯ даромад. Бар сари он чашма рафта даме об нӯшида дид, ки ҷуфте бутемор1 омада бар лаби об нишастанд ва бо якдигар дар гуфтугӯ шуданд.
Ҳотам гӯш андохта шунавид, ки модаи он мегӯяд:
— Эй ҷуфти азиз, маро танҳо монда куҷо меравӣ, аз ин кори худ мамнӯъ шав2.
Нари ӯ гуфт:
— Эй зани нодон, барои хайр дар ин кор камари саъй бастаам ва аз ин кор маро манъ карда, ба монанди иблис фиреб медиҳӣ ва ту маро чӣ кор хоҳӣ омад дар дунё, ки ман бо ту машғул бошам ва кори хайрро фаромӯш намоям. Бидон ва огоҳ бош, ки ҳаргиз гуфтаи туро қабул нанамоям. Акнун бишнав, ки туро ҳикояте ёд орам:
Дар шаҳри Ҷоблуқо подшоҳе барои шикор баро-

1 Бутемор — ғамхӯрак; мувофиқи ақидаҳо мурғе будааст, бар лаби об нишаста ташна бошад ҳам об намехӯрдааст, то ин ки об ба поён нарасад.
2 Яъне: баргард.

пешина
аз 269
навбатӣ