Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

мада, дар биёбон бисёр гашт, ҳаргиз шикори ӯ барор накард ва аз аркони давлати худ ҷудо шуда, ҳайрону сарсон мегашт. Ногоҳ боғеро дид ва дар даруни он боғ даромада сайр мекард. Ба ҷое расида дид, ки қасри баланде. Дар зери он қаср ҳавзи калоне пур аз оби соф. Аз дидани он оби ҳавз масрур шуда дар канори вай биншаст ва он обро ба дасти худ ҷунбонид. Ногоҳ занҷире ба дасти шоҳ афтод ва он занҷирро берун кашида дид, ки ба нӯки он сандукеро бастаанд ва қуфлу калид бо он сандук ҳамроҳ. Шоҳ он сандукро кушода дид, ки як зани моҳрӯё дар даруни он сандук буда. Шоҳ аз ин кайф1 мутаҳайир шуд.

Он зан гуфт:

«— Эй ҷавон, мӯҷиби ҳайрати ту чист, магар аз дидани ман тарсидӣ? Ман мисли ту одамам». — Ин гуфта аз сандук берун шуд ва ба тарафи қасри худ рафт. Баъд аз замоне як суроҳӣ2 шароб бо кабоб оварда, дар назди шоҳ гузошт ва худаш рӯбарӯи ӯ биншаст.

Чун шоҳ дид, ки дар боби ҳусну ҷамол дар ин олами бозавол мисол надорад, дарҳол даст дароз карда, аз дасти ӯ бигирифт ва ба ҷониби худ кашид. Чанд бӯсаи башавк аз рухсори чун моҳаш гирифт. Баъд аз фароғи айш дар хотири шоҳ лашкар ва аркони давлат расида, парешонҳол шуд. Дарзамон аз дасти худ ангуштарии алмоспорае бароварда ба дасти он зан дод ва гуфт:

«— Эй нозанин, ман аз лашкар ҷудо афтода дар ин ҷо расидам. Мехоҳам ки худро ба лашкар расонам, то ба вақти гашта омадан ин ангуштарии алмос аз ман нишона ба дасти ту бошад».

Аз гуфтори шоҳ он зан қоҳ-қоҳ дар ханда даромада ва харитае3 аз бағали худ берун карда, бар замин рехт.

Шоҳ дид, ки қариб ҳафтсад ангуштарӣ ҳамаи он аз алмоспора.

Ӯ гуфт:

«— Эй шоҳ, шавҳари ғайоре дорам; Касбу кори ӯ хироҷгири туҷҷор4 ва мусофирон аст, рӯз меравад ва шаб меояд. Аз камоли рашки худ маро оварда, дар

1 Кайф — ҳол, ҳолат.
2 Суроҳӣ — шиша.
3 Ҳарита — киса, халта.
4 Туҷҷор — савдогарон.

пешина
аз 269
навбатӣ