Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ин сандуқи об гузошта. Аз қабили ту чандин шоҳон ва амирон ва бозаргонон дар ин мақом омада. Ҳар кадоми онҳо ба ман ҳамхоб шуда, нишона гӯён як ангуштарин-як ангуштарин дода рафта бознаёмадаанд».
Боз гуфт:
«— Эй шоҳ, инчунин ангуштарин фаромӯш хоҳад шуд».
Дарҳол шоҳ он занро дар сандук андохта, дар оби он ҳавз гузошта, худ роҳӣ шуд.
Баъд аз чанд муддат дохили шаҳр шуда, бар забари1 тахт бинишаст ва ҳамаи дарбоному хоҷасароёнро аз атрофи ҳарами худ дур кард ва ҳамаи занони худро ба ҳифзи илоҳӣ супурд.
Вазирон аз ин ҳол воқиф шуда омаданд ва гуфтанд:
«— Эй шоҳ, дарбонон чӣ гуноҳ кардаанд, ки ҳамаи эшонро мардуди2 боргоҳ карбед?»
Шоҳ тамомии дидаву кардаи худро дар назди онҳо як-як баён намуд.
Вазирон гуфтанд:
«— Эй қиблаи олам, дар шаъни занон ҳар чӣ гӯянд, рост аст, аммо дар байни занон некон бисёранд. Ба ҳар тавр бошад, дарбононро боз ба мақоми хеш гузоранд, ки ба шаъну шавкати шоҳӣ сабаби ЗИНАТ ХОҲАНД ШУД».
Дарҳол шоҳ ба гуфтаи вазирон ҳамаи дарбоному хоҷибонро талабида, дар мақоми эшон гузошт.
Алкисса бутемори нар гуфт:
— Эй ҷуфт, кори занон ба ҳамин тариқ буда, чунончӣ Ҳотамро мебинӣ, ки ба кори шаҳзода Мунир ҷонбозӣ мекунад. Алҳол он бечораро дар Ҳуснобод мунтазир гузошта, худ дар назди малика меравад. Занони ин замон мардони худро аз кори хайр бозмедоранд, ҳаргиз гуфтаи туро дар ин боб қабул нанамоям.
Чун Ҳотам ин суханро аз бутемор шунид, аз раъйи худ бозгашт ва роҳи Яман гузошта, ба ҷониби Ҳуснобод роҳӣ шуд.
Баъд аз чанд муддат ба шаҳри Ҳуснобод расида, маликаро мулозимат кард. Малика аз паси парда пурсид, ки:
— Эй Ҳотам, чаро дар ин сафар таъхир варзидӣ?

1 Забар — боло.
2 Мардуд — радшуда, рондашуда.

пешина
аз 269
навбатӣ