Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Акнун ҷавоби он саволи маро бигӯ ва аз ҳақиқати он маро огоҳ гардон.
Ҳотам гуфт:
— Эй дилором, фақир дар шаҳри Курм рафта, он шахсеро ба чашми худ дидам ва аз забони ӯ сухани ростро шунида омадам. Алҳол умри ӯ аз ҳафтсад сол гузашта, ҳанӯз тораи мӯе аз маҳосини ӯ сафед нашуда.
Ва ҳамаи саргузашти худро дар пеши малика як-як баён намуд.
Малика ва доя гуфтанд:
— Эй Ҳотам, ҳар чӣ гуфтӣ, рост аст.
Дарҳол фармуд, ки:
— Эй мулозимон, обу таом дар назди Ҳотам биёред.
Ходимон чандин қисм таом оварда, дар назди Ҳотам гузоштанд.
Ҳотам гуфт:
— Ин таомҳоро бурда, бо ҳамроҳии шаҳзода тановул хоҳам намуд.
Он замон канизони малика таомҳоро бардошта дар корвонсаро оварда, дар назди Ҳотам ва шаҳзода гузоштанд.
Ҳотам бо ҳамроҳии шаҳзода дар як супра таом хӯрда, аз саргузашти худ нақл мекард. Шаҳзода ба ин ҳама корҳои Ҳотам таҳсину офарин мекард.
Алкисса, як ҳафта дар он ҷо ором гирифт. Рӯзи ҳаштум ба хизмати малика расида гуфт:
— Эй моҳи олам акнун саволи панҷумро гӯй, банда ба талаби он хоҳам рафт.
Малика гуфт:
— Эй Ҳотам, шунидаам кӯҳ нидо мезанад. Он кӯҳ дар куҷост ва боиси нидои ӯ чист? Бояд ки аз ҳақиқати он кӯҳ ва нидои он маро огоҳ гардонӣ.
Дарҳол Ҳотам аз хизмати малика баромада, дар пеши шаҳзода расид ва гуфт:
— Эй шаҳзода, банда ба талаби кӯҳи Нидо меравам. Агар ҳаёт боқист, туро боз хоҳам дид ва илло, аз ман розӣ бош. Ин гуфта рӯ ба биёбон овард.

Маҳосин — ришу мӯйлаб.

пешина
аз 269
навбатӣ