Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

САФАРИ ПАНҶУМ

Ҳотам баъд аз чанд муддат ба шаҳре расида, аз мардумони он пурсид.
Онҳо гуфтанд, ки:
— Моён бо ин ном кӯҳ нашнидаем.
Ҳотам боз ба роҳи худ равона шуд. Муддати чанд вақт аз шаҳрҳову вилоятҳо рафта мепурсид. Ҳама мегуфтанд, ки «Моён бо ин ном кӯҳ нашнидаем».
Алкисса, баъд аз як моҳ дар шаҳре расида дид, ки тамомии мардумони он шаҳр дар як ҷо ҷамъ шуда. Дарзамон аз онҳо пурсид, ки:
— Эй ёрон, боиси ҷамъ шудани шумоён чист?
Онҳо гуфтанд:
— Эй ҷавон, боиси ҷамъ шудан ин ки яке аз моён мурд. Расми мо ин аст, ки хоҳ ғанӣ¹ ва хоҳ фақир аз мо мирад, дар як ҷо ҷамъ шуда, чандин қисм таом пухта, дар суфра мегузорем ва мурдаро дар миёна гирифта менишинем, то он вақте, ки мусофире ояд. Баъд аз он ҳамаи таомҳоро бо ҳамроҳии он мусофир тановул менамоем. Баъда мурдаро дафн мекунем. Алҳол, ба толеи моён, ту омадай ва ба шарофати ту мурдаро дафн хоҳем кард.
Ҳотам гуфт:
— Эй мардумон, агар мусофире наёяд, чӣ хоҳед кард?
Онҳо гуфтанд ки:
— Албатта он замон мурдаро дафн хоҳем кард ва барои кафорати² он занон ва мардон шаш моҳ рӯза хоҳем гирифт. Баъд тавбаву истиғфор³ карда, таомҳои гуногун муҳайё карда, ба мардумони ин шаҳр хоҳем хӯронид ва ба сари қабри он мурда рафта, зар ба мискинону фақирон хоҳем дод.
Ҳотам тааҷҷуб мекард.
Алкисса, он мурдаро дар миёнаи хона ниҳода, ҳама ба даври ӯ нишастанд ва қадамҳои⁴ он мурдаро ба чашмҳои хеш мемолиданд. Баъд аз соате ҳамаи он таомҳоро дар миёна гирифта муқайид ба хӯрдан шуданд

¹ Ғанӣ — давлатманд, бой.
² Кафорат — пӯшонидани гуноҳ ва чизе, ки барои пӯшонидани гуноҳ ба мардум диҳанд.
³ Истиғфор — бахшиши гуноҳро дархост кардан.
⁴ Қадам — қафи по, тағи по.

пешина
аз 269
навбатӣ