Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ва Ҳотамро низ таклиф ба хӯрдани он таомҳо карданд. Ҳотам ҳам бо ҳамроҳии эшон ба хӯрдани таом муқайид шуд. Баъд аз фароғи таом ҳамаи онҳо либосҳои ҳарир ва тоза пӯшиданд ва он мурдаро ба сад эъзоз бурда дафн карда, ба ҷониби шаҳр гаштанд ва гуфтанд:
— Эй ҷавони мусофир, бояд ки чанд рӯзе дар ин шаҳр бошӣ.
Ҳотам гуфт:
— Некӯ бошад.
Дарҳол ҷое ороставу музайян барои Ҳотам тайёр намуда, Ҳотамро дар он ҷо гузоштанд. Баъд аз соате ду зани соҳибҷамолро оварда, дар пеши Ҳотам гузоштанд ва гуфтанд:
— Эй ҷавон, ин ҳам расми моён аст.
Ҳотам бо худ мегуфт: «Ин мардум аҷаб расме ва қоидае доштаанд».
Чун дар ин муқаддима муддати ҳафт рӯз гузашт, занон ба сардорони худ хабар расониданд, ки ин ҷавон бисёр некбахт будааст, ки ҳаргиз дар ин муддати ҳафт шабонарӯз ба ҷониби моён майл накард ва аз завқ ба хотири худ ҳеҷ наёвард.
Ин рафтори Ҳотамро ба гӯши шоҳ расониданд. Дарҳол шоҳ Ҳотамро дар назди худ хонд ва бар болои маснади шоҳӣ бинишонду гуфт:
— Ё бузургвор, чӣ мешавад, ки ҳамеша дар ин шаҳр бошӣ. Духтаре дорам дар паси парда, онро ба канизӣ қабул фармой.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, раво надорам, ки касе ба меҳнати ман шарик шавад, чаро ки банда ба талаби кӯҳи Нидо баромадаам. Қариб ҳафт моҳ аст, ки ба талаби кӯҳи мазкур роҳ мепаймоям. Ҳеҷ касе нест, ки аз нишони он кӯҳ ба ман хабар гӯяд. Агар шуморо хабаре аз он кӯҳ бошад, маро огоҳ гардонед, гӯё ки дар ин боб бо ман мувофиқат карда бошед.
Шоҳ марди куҳансоле буд, аз бузургони худ шунидагӣ дошт, дарзамон гуфт:
— Эй азиз, кӯҳи Нидо кӯҳи азимест, ҷануби он тилисмот дорад, ки дар он ҷо шаҳре ба тилисмот обод аст ва дар он шаҳр ҳаргиз касе мурдани касеро надидааст ва дар он ҷо қабре ҳам нест. Шунидаи ман ин буд, ки бо ту баён намудам ва дар роҳи он балову офати бисёр аст, чӣ гуна дар он ҷо бирасӣ?
Ҳотам гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ