Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй шоҳ, он зоте, ки маро дар ин ҷо овардааст, дар он ҷо хоҳад расонид.
Шоҳ гуфт:
— Касеро, ки ҳиммату эътикод чунин бошад, ба ҳар ҷо қасд кунад, хоҳад расид.
Шоҳ фармуд, мулозимон зари бисёре оварда, дар назди Ҳотам гузоштанд. Ӯ мувофиқи харҷи роҳ аз он зарҳо гирифта, боқии онро ба фақирон эҳсон кард.
Ҳотам бо мардумони шаҳр видоъ карда равона шуд. Баъд аз муддати мадиде ба ҷое расида дид, ки шаҳри азиме ва дар атрофи он шаҳр ҳеҷ қабре нест. Ҳотам бо худ гуфт: «Ин шаҳр ҳамон шаҳр аст, ки шоҳ гуфта буд» ва шодикунон дар он шаҳр дохил шуд.
Мардумон пурсиданд, ки:
— Эй ҷавони мусофир, аз кадом ошёни баланд парвоз карда омадӣ ва ба куҷо меравӣ?
Ҳотам гуфт:
— Аз шаҳри Ҳуснобод ва ба талаби кӯҳи Нидо меравам.
Мардумон гуфтанд, ки:
— Натавонӣ ба он кӯҳ рафтан, ҳазорон ҳазор ба-лову офат дар роҳ аст.
Ҳотам гуфт:
— Худо карим аст, бандаро ба мақсуд хоҳад расонид.
Он мардумон гуфтанд:
— Имшаб дар ин ҷо ором гир, фардо ихтиёр мар турост.
Ҳотам ҳамон шаб дар он ҷо ором гирифт. Қазоро ҳамон шаб аз мардумони он шаҳр яке бемор шудааст. Қабилаи ӯ омада он беморро забҳ карданд¹. Баъд аз забҳ гӯшти ӯро тақсим карда, ба қадри расамаи худҳо гирифта бурданд. Касе, ки Ҳотам дар хонаи ӯ буд, низ аз гӯшти он мурда оварда, дар хонаи худ пухт. Баъд аз соате як табак пур аз он гӯшт оварда дар назди Ҳотам гузошт ва гуфт:
— Эй меҳмони ҳумоюнқадам, ба толеи ту гӯшти ла-зизе ба даст омада, гӯё ки инчунин гӯшти хуб дар та-момии умри худ нахӯрда бошӣ, чаро ки бар моён дар солеву моҳе муяссар мешавад.
Ҳотам гуфт:
— Ин чӣ гӯшт аст, ки ин ҳама таъриф мекунӣ?
¹ Забҳ кардан сар буридан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё