Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Он мард гуфт:
— Ин гӯшти одамист.
Ҳотам мутаҳайир шуда бо худ гуфт: «Ин мардумон одамхӯр будаанд». Боз пурсид, ки:
— Эй азиз, ин чӣ расм аст, ки дар ин шаҳр гӯшти одамиро мехӯранд?
Он мард гуфт:
— Эй мусофир, тавба карда, истиғфор намой. Моён одамхор нестем, ки мусофиреро кушта гӯшти ӯро бихӯрем.
Ҳотам гуфт:
— Худ гуфтӣ, ки ин гӯшт гӯшти одамист.
Он шахс гуфт:
— Эй ҷавон, ҳар гоҳ, ки аз қабилаи моён касе бемор шавад, забҳ карда, гӯшти ӯро тақсим карда мехӯрем. Ҳамин тариқа дар шаҳри мо расм аст.
Ҳотам гуфт:
— Лаънати худой бар шумоён ва расми шумо бод, ки бемореро ба дасти худҳо кушта гӯшти ӯро мехӯред. Ҳазорон ҳазор одамиро бо ноҳак кушта, асири лашкари аҷал кардаед, рӯи шумоёнро дидан дуруст нест.
Дарҳол аз ҷои худ бархост ва дар роҳ даромада равона шуд. Ҳамаи шаб роҳ рафта, аз ҳадди он шаҳр баромад ва дар он ҳин гуруснагӣ ғолиб омада, ҷонвареро ба тир сайд карда гӯшти онро пухта тановул намуд ва дар он ҷо бинишаст.
Ногоҳ дид ки аз парраи биёбон шери гуруснае пайдо шуда омад.
Дарҳол порае аз он гӯшт дар пеши он шер андохт ва он шер он гӯштро хӯрда, ба ҷониби беша бадар рафт. Ҳотам низ аз он ҷо гузашта равона шуд. Гоҳе аз ҷангал мева мехӯрд, гоҳе ҷонвареро сайд карда, аз гӯшти он кабоб намуда тановул мекард. Рӯзе ташнагӣ ғолиб омад. Барои об хӯрдан ба ҳар тараф давида, аз дур дарахтеро дида расид. Дар зери он назар кард, ки дар он ҷо ҳам об набудааст. Аз камоли ташнагӣ дар он мақом бинишаст. Баъд аз соате укобе аз ҷониби ҳаво парвоз карда омада дуртар биншаст. Миқдори чанд қадам ба пастӣ фуруд омада ғоиб шуд. Баъд аз замоне аз он пастӣ ба баландии баромада худро афшурда буд, ки аз болу пари он укоб қатраҳои об чакидан гирифт. Дарҳол Ҳотам ба ҷониби пастӣ рафта дид, ки толобест пур аз оби соф. Аз он об ба рағбати тамомом хӯрда равона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё