Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

шуд. Баъд аз чанд рӯз ба ҷои расида дид, ки мардумон ҷамъ шуда, оташ афрӯхта истодаанд.
Ҳотам бо худ гуфт: «Инҳо таом мепухта бошанд?»— Наздик расида дид, ки тамоми он мардумон ришу бурути худро тарошида, баъзе гиря мекунанд ва баъзе гирдогирди он оташ мегарданд. Ҳотам пурсид, ки:
— Эй мардумон, ин кадом мулк аст ва шумоён чӣ мардумед?
Онҳо гуфтанд:
— Эй ҷавони мусофир, ин мулкро Ҳиндустон мегӯянд ва моён аз қавми ҳиндуем, ки мурдаҳои худро месӯзонем. Алҳол шахсе мурда. Ӯро бо ҳамроҳии занонаш дар ин ҷо хоҳем сӯзонид.
Ҳотам донист, ки инҳо бутпарастанд, бо худ гуфт, ки: «Зудтар аз ин ҷо рафтан беҳтар аст».
Равона шуд. Баъд аз чанд рӯз наздики деҳае расида об талабид. Дарзамон шахсе дар хонаи худ рафта, дар як зарф дӯғ ва дар як зарф ширу шакар оварда, дар пеши Ҳотам гузошт. Ҳотам он дӯғро нӯшида дар он ҷо ором гирифт. Баъд аз замоне хост ки ширро нӯшад он кас гуфт:
— Эй ҷавон, биринҷи пухтаи тайёр дар хона дорам, бифармой, онро дар пеши ту биёрам.
Ҳотам гуфт:
— Некӯ бошад.
Дарзамон он мард рафта биринҷи пухта ва ширу шакар баровард. Ҳотам аз он таомҳо тановул намуда масрур гашт.
Он мард гуфт:
— Эй ҷавон, агар ду-се рӯзе дар ин ҷо бошӣ, хизмат хоҳам кард.
Ҳотам гуфт:
— Агар ризои ту дар ҳамин аст, чанд рӯз дар ин ҷо хоҳам истод.
Он мард аз ин гуфтаи Ҳотам бисёр хушвақт шуд. Дарҳол ҷомаи хоб оварда, дар зери қадами Ҳотам андохт ва гуфт:
— Эй ҷавон, муддатест, ки машаққатҳое кашида дар ин ҷо омадай, ба хотирҷамъии тамом фарогат варзӣ.
Баъд чандин қисм таоми лазиз оварда, дар назди Ҳотам гузошт. Ҳар замон Ҳотам аз он таомҳо тановулкунон мегуфт, ки:

пешина
аз 269
навбатӣ