Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳиндустон гулистоне будааст.
Баъд аз фароғи таом Ҳотам ба он мард гуфт:
— Дар ин мулки шумо аҷаб расме будааст, ки зани зиндаро бо шавҳари мурда месӯзонанд.
Он мард гуфт:
— Эй ҷавон, дар миёни зану шӯй муҳаббати бисёр аст. Нисбати мобайни зану шӯйро ташбеҳ ба нисбати мобайни маъшуқу ошиқ кардаанд. Агар яке бимираду дигаре зинда монад, худро дар оташ меандозад. Агар дар ин шаҳр чанд рӯз бошӣ, туро бинамоям.

Ногоҳ, раиси он деҳа бемор буд, ҷон ба ҷонофарин супурд ва ӯро чаҳор зан буд. Аз зани калони ӯ ду писар ва аз зани дуюми ӯ ду духтар буд. Зани сейӯм ва чаҳоруми ӯро ҳеҷ фарзанд набуд. Дарзамон мурдаи раисро барои сӯзонидан берун карда буданд.

Ҳар чаҳор занаш низ аз ақиби он ба порчаҳои рангину тамоми зевар печида ва худро бо зебу зинат ороста ва чанбарҳои гул дар гардан овехта ва қашқа дар байни абрувон ниҳода ва барги танбул хӯрда ва мӯйҳоро парешон сохта баромаданд. Ҳама мардуми қабилаҳошон дар поҳои эшон меафтоданд ва аз сӯхтан боздоштанӣ мешуданд; онҳо гуфтаи касеро қабул намекар-данд.

Ҳотам наздик расида гуфт:
— Эй парирӯён, ин чӣ равиш аст, ки шумоён аз сатр бе сатр шудаед ва боз худҳоро дар оташ андох-та месузонед?

Он занон қоҳ-қоҳ дар ханда даромаданд ва гуф-танд, ки:
— Эй ҷавон, туро шарм намеояд, ки чашмони но-махрами худро ба рӯи занони бегона меандозӣ ва ҳамаи моён мурдагонем. Ҳидеванди моро аҷал дарёбад, чӣ муруват аст, ки моён дар ин ҷо зинда бимонем ва до-им дар фироқи ӯ ғамгин бошем.

Инчунин суханонро гуфта, зеварҳои худро аз гардан ҷудо карда гирифтанд ва чашмҳои худро пӯшонида, бо ҳамроҳии мурдаи шавҳар дар даруни анбори ҳезум раф-танд.

Ҳотам дид, ки яке аз он занон сари шавҳарро дар бағал гирифта, яке ба ҷониби рост нишаста, дигар ба

1 Сатр — парда, чодар.

пешина
аз 269
навбатӣ