Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷониби чап нишаста ва яке пойҳои шавҳарро дар бағал гирифта, ба завқи тамом бинишастанд.
Ҳотам дар дил гуфт: «Инҳо чӣ хоҳанд кард?» — Дарзамон рафта наздики он занон бинишаст.
Занону мардон гуфтанд:
— Эй ҷавон, берун ой, акнун оташ мефурӯзем.
Ҳотам гуфт:
— Берун нахоҳам шуд.
Мардумон гуфтанд:
— Эй ҷавон, ин занон барои шавҳари худҳо месӯзанд, магар ту ба ин занон ошиқ шудаӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй мардумон, шумоёнро бо ман чӣ кор?
Онҳо гуфтанд:
— Акнун замон1 аз гардани моён соқит шуд. — Дарзамон аз ҳар тараф оташ гузоштанд.
Ҳотам дар дил мегуфт: «Ин занон аз ин оташ ҳамин замон хоҳанд гурехт».
Он занон хандону шодмон бар болои шавҳари худҳо мисли ҳезум сӯхта хокистар шуданд.
Ҳотам ба сурати он занон афсӯс мехӯрд ва бар вафодории онҳо таҳсину офарин мекард. Вай аз он ҷо гашта ба хонаи он ҳинду омад.
Ҳинду гуфт:
— Эй ҷавон, расми ин мулкро ба чашми худ дидӣ?
Ҳотам гуфт:
— Оре.
Чанд рӯз дар хонаи он ҳинду ором гирифта, рӯзе аз он ҳинду рухсат хост.
Ҳинду гуфт:
— Куҷо хоҳӣ рафт?
Ҳотам гуфт:
— Ба ҷониби кӯҳи Нидо меравам.
Ҳинду гуфт:
— Роҳи кӯҳи Нидо зиёда дур аст.
Ҳотам гуфт:
— Аҳд кардаам, ки аз роҳи худ барнагардам.
Алкисса, Ҳотам бо ҳинду видоъ карда, ба ҷониби кӯҳи Нидо равона шуд. Баъд аз чанд рӯз ба канораи шаҳре расида дид, ки мардумони он шаҳр шӯру ғавғое барпо карда. Дарҳол пурсид, ки:
— Эй ёрон, боиси ин ҳама шӯру ғавғо чист?

1
Замон — зоминӣ, қафолат.

пешина
аз 269
навбатӣ