Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо гуфтанд, ки:
— Эй ҷавон, духтари подшоҳ мурдааст, мехоҳанд, ки шавҳари ӯро бо мурда дафн кунанд; ӯ қабул намекунад. Ин ҳама шӯру ғавғо барои ҳамин аст.

Ҳотам наздики калони онҳо рафта пурсид, ки:
— Ин чӣ расмест, ки зиндаро бо ҳамроҳии мурда дафн мекунанд? Бояд, ки ин бечораро раҳо намоед.

Он сардор гуфт:
— Эй ҷавон, мисли ту мусофире дар ин шаҳр омада ба духтари раис ошиқ шуда. Дар байни мо расм аст, ки чун муҳаббати ёрон аз ҳад гузашта, ки аз барои якдигар ҷон медиҳанд, он замон аҳду паймон мекунем ва мепурсем, ки «яке аз шумоён пештар мурад, он дигар мувофиқат мекунад?». Ҳаргоҳ ин шартро қабул намоянд, ақд карда, духтарро ба ӯ месупорем. Ин ҷавон низ расми моёнро дида, ҳамаи шартҳоро қабул карда буд. Акнун нуқси аҳду вафо мекунад. Ночор ӯро бо ҳамроҳии мурда дафн мекунем.

Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, худкардаро дармон нест, чаро дар қавли худ собитқадам намебошӣ? Рӯзе аз рӯзҳо шарбати аҷалро хоҳӣ чашид.

Он мард гуфт:
— Эй ҷавон расми мулки мо дигар аст.

Ҳотам гуфт:
— Ҳар шаҳреро расми дигар аст. Агар сари худро ба сангҳо занӣ, инҳо қабул нахоҳанд кард. Алҳол гуфтаи инҳоро қабул карда, дар гӯр бирав ва ман туро дар шаб берун хоҳам кард.

Он мард гуфт:
— Эй ҷавони ҳамроз, то ба вақти баровардани ту ҷон аз бадани ман берун хоҳад шуд.

Ҳотам рӯй ба ҷониби он мардумон карда гуфт:
— Ин мард мегӯяд, ки чаро гуфтаи инҳоро қабул насозам. Аммо инҳо гӯрро бисёр танг месозанд, дар мулки моён расмест, ки қабрро ба монандӣ ҳуҷрае мекунанд ва дигар дар пеши зинда ду-се рӯза хӯрдани мегузоранд. Агар ба расми вилояти ман гӯр созанд, гуфтаи инҳоро қабул хоҳам намуд.

Калонони он қавм гуфтанд, ки:
— Ин муқаддимаро ба подшоҳ бояд гуфтан.

Ҳамаи онҳо рафта ба подшоҳ гуфтанд, ки:
— Фалони чунин ва чунон мегӯяд.

пешина
аз 269
навбатӣ