Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоким пурсид, ки:
— Дар мулки шумоён қабрро чӣ тариқа месозанд?
Ҳотам гуфт:
— Баробари хонаи калон месозанд.
Шоҳ гуфт:
— Ҳар чӣ ин ҷавон гӯяд, ҳамон кунед.
Дарҳол Ҳотам фармуд, гӯрро ба монандӣ хона канданд. Ҳардуи эшонро дар гӯр андохта таом дар пеши он ҷавон гузоштанд ва даҳони он қабрро мустаҳкам намуда, ба ҷониби шаҳр бозгаштанд. Ҳотам мунтазири шаб буд. Алкисса, рӯз гузашта шаб бар сари чанг даромад. Ҳотам аз ҷои худ бархоста ба ҷониби гӯри он мард равона шуд ва бар сари гӯр расида дид, ки ҷамоае дар он ҷо нишаста. Аз яке онҳо пурсид, ки:
— Дар ин ҷо ин мардумон чӣ мекунанд?
Он шахс гуфт:
— Расми мардумони мо ин ки мурдаро дар гӯр ниҳанд, занони худҳоро нодида, се шабу рӯз бар сари қабри мурда бедорӣ мекашанд.
Ҳотам илоҷе наёфта, ба ҷои худ бозомад.
Он мард дар даруни қабр Ҳотамро дашномҳо мекард ва мегуфт: «Он ҷавони мусофир ба чандин дурӯғ маро дар ин қабр андохт ва худ бадар рафт. Мани нодон ба гуфтаи ӯ амал карда, ба ин бало мубтало шудам». Ин гуфта аз ҳаёти худ умед канд ва сари худро печида, дар кунҷи он гӯр ба хоб муқайид шуд.
Алкисса, баъд аз се шабу рӯз Ҳотам омада фарёд кард, ки:
— Эй ҷавон, барои ту омадаам.
Он мард ҳеҷ ҷавоб надод. Бори дуюм овоз кард, ҳеҷ ҷавоб надод. Бори сеюм бо овози баланд садо карда гуфт:
— Эй ҷавон, зиндаӣ ё мурда? Агар зинда бошӣ, ҷавоб деҳ ва илло то ба қиёми қиёмат дар ин гӯр хоҳӣ монд. Ман баъд аз ин ҳеҷ хабар нахоҳам гирифт. Акнун аз сари худ соқит кардам, ту медонӣ...
Дар ин сухан буд, ки он мард ба ҳуш омада шунид, ки касе овоз мекунад. Аз ҷои худ бархоста гуфт:
— Эй ҷавон, ту он мусофирӣ, ки бо ман аҳду паймон карда будӣ?
Ҳотам гуфт:
— Оре.
Дарҳол хоку кулӯхро кашида, дари он қабрро кушод ва он ҷавонро аз гӯр берун кард ва даҳони он

пешина
аз 269
навбатӣ