Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

қабрро мисли аввала мустаҳкам намуд. Баъд аз он гуфт:
— Эй ҷавон, ба ҳар тарафе, ки дилат мехоҳад, бирав, то он ки мардумони ин мулк аз ту воқиф нашаванд.

Ҷавон гуфт:
— Эй бародар, ба ҷон миннат гузоштӣ, ки маро зинда гардондӣ, валекин харҷи роҳ надорам, ки аз ҳадди ин шаҳр бароям.

Дарҳол Ҳотам порае зари сурх аз ҷайби худ бароварда ба он мард дод ва он ҷавон бо Ҳотам видоъ карда, шабошаб бадар рафт.

Ҳотам омада дар ҷои худ хобид. Чун рӯз шуд, аз мардумони он диёр рухсат гирифта, ба роҳ даромад. Мардумон ҳангоми видоъ гуфтанд, ки:
— Эй Ҳотам, чун пештар рафтӣ, ду роҳ хоҳад омад; бояд, ки ба роҳи дасти рост биравӣ, ки ба зудӣ ба ободӣ хоҳӣ расид.

Алқисса, Ҳотам, манзилу мароҳил тай карда, баъд аз даҳ рӯз ба дуроҳае расид. Роҳи дасти ростро фаромӯш карда, ба роҳи дасти чап бирафт. Муддати чаҳор шабонарӯз роҳ гашта ба ҷое расид, дид, ки ҷонварон ва даррандагону хазандагон аз пеш гурехта меоянд. Ҳотам худро дар канораи роҳ кашида дид, ки шеру палангу филу хирс аз тарс тарки макони худҳо кардаанд. Ҳотам худро бар болои дарахте гирифта нигоҳ кард, ки ҷонвари хурде ба сурати ҳайбатангез дум бар сари худ карда, ҳар чашм чун чароғи афрӯхта ҷамъи ҷонваронро пеш карда меояд. Ҳотам низ тарсида гуфт, ки: «Аҷаб балои пурзӯре буда, ки ҳамаи ҷонварон аз салобати ӯ дар гурез шудаанд». Пас теғ аз найём баркашида нишаста буд, ки назари он ҷонвар ба ҷониби Ҳотам афтод, дарҳол ба Ҳотам хез карда, аз болои дарахт бар замин барфиканд. Бори дуввум хост, ки Ҳотамро гирифта дарронад, Ҳотам бо ханҷари заҳролуд ба даҳони он чунон зад, ки ҳарду чакаки ӯ қалам шу-да бар замин ғалтид. Боз дарғазаб шуда, ба ҷониби Ҳотам хез кард. Ҳотам низ тездастӣ карда ханҷари дигар ба коми ӯ зад, ки теғ ва дасти Ҳотам дар шиками он дарранда фурӯ рафт. Ҳотам дасти худро гирифта буд, ки рӯдаҳои он дарранда бар замин фурӯ рехт. Он замон думи худро бар замин зада бавл карда буд, ки тамомии дашту биёбонро оташ фурӯ гирифт ва дарахтҳои хушк ҳама даргирифтанд ва либосҳои Ҳотамро низ

пешина
аз 269
навбатӣ