Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

оташ афтод. Дарзамон Ҳотам худро дар ҷӯй об андохт. Баъд аз дере аз об берун шуда, дар пеши он ҷонвар омад бинишаст ва чаҳор дандони онро канда дид, ки ҳар кадом ба монандӣ ханҷари обдоре ва ду гӯшро бо думи вай бурида гирифта, дар тиркаши худ андохта роҳӣ шуд. Баъд аз чанд вақт ба ҷое расида, дид, ки қалъаи азиме сар бар фалак кашида. Аз дарвозаи он қалъа дохил шуд.

Ҷамеи ҳавлиҳои он қалъаро дид, ки ҳама анвои таоми пухтаву хом мавҷуд ва муҳайё. Аммо аз ҷинси одамӣ ҳеҷ аҳаде нест ва дар гирди он шаҳр хандақи амиқе кандаанд. Подшоҳу вазир ва соири раоё дар тӯбхонаи қалъа банд шуда мондаанд.

Ногоҳ вазир сар бароварда дид, ки як ҷавони мусофире дар шаҳр даромад. Ба шоҳ хабар дод. Шоҳ фармуд, ки:

— Эй мулозимон, он мусофирро овоз кунед, ба ин ҷониб ояд, ки беҳуда нобуд хоҳад шуд.

Яке аз мулозимон бо овози баланд гуфт, ки:

— Эй ҷавон, ба ин ҷониб биё.

Дарҳол Ҳотам дид, ки шахсе аз дарича сар бароварда овоз мекунад, омада дар зери дарича истода шуд.

Подшоҳ аз дарича сар бароварда пурсид, ки:

— Эй ҷавон, номи ту чист? Чӣ гуна зинда дар ин ҷо расидӣ?

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ, номи ман Ҳотам бинни Тай, аз мулки Яманам. Аз Хуснобод омада ба ҷониби кӯҳи Нидо меравам.

Шоҳ гуфт:

— Эй Ҳотам, роҳи кӯҳи Нидоро ғалат кардаӣ, аҷал туро ба ин ҷо овардааст. Ҳамин замон рахти сафар аз ин ҷаҳони пурхатар хоҳӣ баст.

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ, ҳарчи пеш ояд, онро хоҳам дид. Эй шоҳ, акнун ҳақиқати аҳволи худро маълум соз, ки чаро дар ин қалъа маҳбус мондай?

Шоҳ гуфт:

— Эй ҷавон, бидон ва огоҳ бош, ки волии ин шаҳр манам ва дар ин мамлакат балои азиме пайдо шуда; ҳеҷ кас ӯро илоҷ натавонист кард. Ҳамаи фуқаро ва фузало аз ман рӯйгардон шуданд ва ба ҳар тараф парешон шуда рафтанд ва ман аз рӯи номус бо вазирону фарзандон дар ин тӯпхонаи қалъа банд шуда мондаем

пешина
аз 269
навбатӣ