Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Не фикри ба ҷои дигар рафтан ва не тоқати ӯро куштан аст. Муддати бисёрест, ки дар ин ҷо истодаем ва касони бисёреро аз ин шаҳр ночиз кардааст1.

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, он бало ба чӣ қисм аст? Ва таркиби2 ӯро баён намо.

Шоҳ гуфт:
— Таркиби ӯ ба монандӣ шер аст, аз кӯҳи Қоф омада, рӯзе як бор сайди одамӣ ҷ мекунад ва ба ҷониби ин тӯпхона хез мезанад. Ба як хез ба кунгураи ин тӯпхона мерасад. Азбаски ҷои истодан нест, баргашта ба замин меафтад ва ҳар рӯз кори ӯ ҳамин аст.

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, муборак бод! Бидон ва огоҳ бош, ки он балоро нопадид гардонидам.

Пас Ҳотам ҳамаи саргузашти худро як-як дар пеши шоҳ баён намуд. Дарҳол подшоҳу вазир аз тӯпхонаи қалъа фуруд омада, Ҳотамро дар канор кашиданд ва аз дасти ӯ гирифта бар болои қалъа бароварда, ба макони шоҳӣ бинишонданд. Баъд аз он шоҳ пурсид, ки:
— Эй ҷавон, он балоро ба чӣ тариқа куштӣ?

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, бидон ва огоҳ бош, нишони ӯро овардаам,— ин гуфта аз тиркаши худ чаҳор дандон, дум ва гӯши ӯро бароварда дар назди шоҳ гузошт. Дарҳол шоҳу вазир дар зери қадами Ҳотам афтодаанд ва гуфтанд:
— Эй ҷавон, боракалло бар ҳиммату ғайрати ту, ки инчунин балои азимро кушта, аз ӯҳдаи ҷанги ӯ баромадай.

Шоҳ хотирҷамъ шуда, ба атрофу ҷавониб номаҳо фиристод, ки он балои азим ба дасти Ҳотам ном шахсе кушта шуда. Бояд, ки ҳамаи фуқаро омада дар ин шаҳр сукунат варзанд.

Баъд аз чанд рӯз Ҳотам аз шоҳ рухсат хоста гуфт:
— Эй шоҳ, як одам бидеҳ, ки маро ба кӯҳи Нидо роҳбарӣ намояд.

Шоҳ гуфт:
— Эй Ҳотам, акнун ин шаҳрро аз худ дониста, сукунат ихтиёр намой, духтаре дорам дар паси пардаи исмат, ӯро ба ту бидиҳам.

1 Яъне: куштааст.
2 Таркиб — ба маънии шакл.

пешина
аз 269
навбатӣ