Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, ман то кори одамонро ба анҷом нарасонам, ишрат нахоҳам варзид.
Шоҳ гуфт:
— Эй Ҳотам, магар бо касе аҳд кардай?
Ҳотам саргузашти худ ва аҳволи шаҳзода Мунирро дар назди шоҳ баён намуд. Шоҳ ба ин ҳама корҳои Ҳотам таҳсину офарин карда мулозимеро фармуд, ки:
— Ин ҷавонро ба кӯҳи Нидо расонида хати расид биёр.
Мулозим гуфт:
— Фармонбардорам.
Шоҳ порае зари сурх ва ҷавоҳири қиматбаҳо оварда, дар назди Ҳотам гузошт. Ҳотам аз он зарҳо мувофиқи харҷи роҳ гирифта, бо ҳамроҳии он мулозим равона шуд. Баъд аз чанд рӯз бар сари дуроҳае расиданд. Он мулозим гуфт:
— Эй ҷавон, роҳи дасти рост ба кӯҳи Нидо мерасонад. Бояд ки аз ин роҳ берун нашавӣ.

Ҳотам бар сари он дуроҳа нишаста, чанд калима арзи аҳвол навишт ва ба дасти он мулозим дода, ба ҷониби шоҳ фиристод ва худ ба тарафи кӯҳи Нидо равона шуд. Баъд аз чанд рӯз ба ҷое расида дид, ки шаҳри азиме, қалъаи он сар бар фалак кашида. Аз дарвозаи шаҳр даромада хост, ки дар корвонсаро рафта фуруд ояд. Дарвозабонон расида ва дасти Ҳотамро гирифта, ба хизмати шоҳи он шаҳр равона шуданд. Баъд аз соате аз дари боргоҳ даромада, ба шоҳ салом кард. Шоҳ ҷавоби салом дода, аз ҷои худ бархост ва аз дасти Ҳотам гирифта, ба ҷои худ нишонд ва гуфт:
— Эй ҷавони мусофир, аз замони мулки Искандар то ба ин дам ҳеҷ мусофире дар ин шаҳр наёмада. Боиси омадани ту дар ин ҷо чӣ бошад?
Ҳотам саргузашти худ, шаҳзода ва саволи маликаро дар назди шоҳ як-як баён намуда гуфт:
— Эй шоҳ, каминаро аз асрори кӯҳи Нидо огоҳ гардонед.
Шоҳ гуфт:
— Эй ҷавон, алҳол хабар аз кӯҳи Нидо нашунидаанд гуфт. Бояд ки чанд рӯз дар ин ҷо бошӣ. Аз ҳақиқати кӯҳ ва нидои ӯ вофиқ шавӣ.
Ҳотам гуфт:
— Неку бошад.
Муддати чанд рӯз дар он ҷо истода, бо мардумон

пешина
аз 269
навбатӣ