Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
улфату ошноӣ намуд. Рӯзе аз мардумони он шаҳр қариб дусад кас дар як ҷо нишаста буданд. Ҳотам гуфт:
— Эй ёрон, кӯҳи Нидо кадом аст?
Онҳо гуфтанд:
— Эй ҷавон, ҳамин қуллае, ки рӯ ба рӯи туст, нидо аз он қуллаи кӯҳ мебарояд.
Дар ин гуфтугӯ буданд, ки ногоҳ овозе аз он кӯҳ баромад:
«Ё Ҳумро бинни Ҳорис, биё!»
Дарҳол ҷавоне аз миёнаи он ҷамоа бархоста, ба ҷониби он кӯҳ равона шуд.
Қабилаи ӯ хабардор шуда расиданд. Ҳарчанд, ки манъ карданд, қабул накарда давон-давон бирафт.
Ҳотам гуфт:
— Эй ёрон, ин ҷавонро чӣ шуд, ки бо касе сухан накарда, девонавор меравад?
Онҳо гуфтанд:
— Аз худи ӯ бояд пурсид.
Ҳотам расида ҳарчанд сухан кард, ҷавоб надода, чун бод бирафт ва ба зери он кӯҳ расида аз назар ғоиб шуд. Дарҳол мардумон дар зери он кӯҳ ҷамъ шуда, саҷдае карда сари худро ба он кӯҳ зада бозгаштанд. Чандин қисм таом пухта ба мардумон дода, ба кори худ машғул шуданд.
Ҳотам гуфт:
— Эй бародарон, маълум нест, ки он ҷавон ба куҷо рафта бошад?
Онҳо гуфтанд:
— Эй ҷавон, он чӣ моён дидем, ту низ дидӣ. Акнун чӣ мепурсӣ?
Ҳотам ин ҳолро дида гирён шуд.
Мардумон гуфтанд:
— Эй ҷавон, расми ин мулкро дидӣ, ҳамин аст. Агар мехоҳӣ, ки чанд рӯз дар ин ҷо бошӣ, бояд ки бо моён мувофиқат намой ва аз барои он ҷавон гиряву нола накунӣ ва илло туро аз ин шаҳр бадар хоҳем кард.
Боз гуфтанд:
— Эй ҷавон, хабари кӯҳи Нидо ҳамин буд, ки дидӣ ва шунидӣ.
Ҳотам гуфт:
— Ҳанӯз асрори ин кӯҳ ва ҳақиқати нидои ӯ маълуми ман нашуд.
Алкисса шаш рӯзи дигар дар он ҷо биистод. Дар он ҳин Ҷом бинни Сом ном шахсе ба Ҳотам бародархонд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё