Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

шуда, ошноии тамом пайдо карда буд. Шабу рӯз бо Ҳотам мусоҳиб шуда, авқотро ба хушӣ мегузаронид. Мардумони дигар ба гирди эшон ҷамъ шуда, ба суханҳои Ҳотам хандаҳо мекарданд. Дар он замон ногоҳ аз тарафи он кӯҳ овозе баромад, ки:
«Ё Ҷом бинни Сом, биё!»

Дарҳол он ҷавон аз ҷои худ бархост ва ба тарафи он кӯҳ равона шуд. Қабилаи ӯ омада, атрофи ӯро гирифтанд. Ҳарчанд ки манъ карданд, Ҷом қабул накарда, чун бод мерафт. Ҳотам донист, ки Ҷом низ рафта, ба он кӯҳ шарбати аҷалро хоҳад чашид. Афсӯси бисёр хӯрда дар дил мегуфт: «Ошнои ҷонӣ пайдо карда будам, ҳамин замон аз ин ҷудо хоҳам шуд ва бо ин ошно болои кӯҳ баромада, дар ин сафар бо ӯ ҳамроҳӣ кардан лозим аст, то ки ҳақиқати нидои ин кӯҳ маро маълум шавад». — Ин гуфта аз ақиби Ҷом равона шуд ва дар арзи роҳ расида дасти Ҷомро бигирифт. Ғалтону хезон болорӯяи он кӯҳ бо Ҷом рафта, аз назари мардумон ғоиб шуд. Мардумон се маротиб он кӯҳро саҷда карда, ба тарафи шаҳр бозгаштанд ва аз барои Ҳотам афсӯс мехӯрданд. Рафтани Ҳотамро шоҳ шунида гуфт:

— Эй нодонон, то ба ин вақт ҳеҷ касе бе талаби он кӯҳ нарафта буд. Чаро он мусофирро гузоштед, ки бе талаб рафта, аз ҷони ширин ҷудо шавад?

Мардумон гуфтанд.

— Эй шоҳ, ҳарчанд манъ кардем, қабул накард ва гуфт:

«Ҷом ҷони ман аст, кай раво дорам, ки дар ин роҳ танҳо равад».

Дарҳол шоҳ ҳамаи калонони он шаҳрро дар банд кашид. Ноилоҷ ҳамаи он калонон ҷурмона ба шоҳ дода, худро аз банд халос гардониданд.

Алкисса, Ҳотам бо ҳамроҳии Ҷом бар болои кӯҳ рафта-рафта, ба ҷое расида дид, ки ғоре амиқи пурҳайбат ва дар даруни он ғор даромада роҳӣ шуд. Ба ҷое расида дид, ки майдони васеи сабзу хуррам. Миқдори се гази он майдон холӣ аз сабза. Дарҳол Ҷом аз Ҳотам ҷудо шуда, дар он ҷои холӣ рафта ғалтида ва дасту по задан гирифт. Баъд аз соате чашм пӯшида ҷон бо ҷонофарин супурд.

Ҳотам он ҳолро дида дар гиря шуд. Ногоҳ ҳамон

________________________ 1 Ҷурмона — маблағе, ки барои авфи гуноҳ диҳанд.

пешина
аз 269
навбатӣ