Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷой шақ шуда, Ҷомро фурӯ кашида, боз фароҳам омад. Баъд аз соате бар болои мадфани Ҷом сабзаву гиёҳ рӯид. Ҳотам донист, ки марги мардумони ин шаҳр ба ин тариқ будааст ва ин кӯҳро нидо аз ин ваҷҳ буда ва бо худ гуфт: «Ҳақиқат ва боиси нидои инро донистам, бояд ки ба тарафи шаҳр ирода намоям». Аз он ҷо бозгашта, тамомии он майдонро мегашт асаре ва нишона аз он кӯҳ намеёфт, ба ҳар ҷониб давида мегуфт: «дар ҳоли аҷибе афтодаам, ки роҳи рафтан намеёбам». Муддати ҳафт шабонарӯз гуруснаву ташна роҳ гашта, даст аз ҷон шуста буд. Дар он ҳин дарёи азимеро дида, ба канори он бирасид ва фикр кард, ки: аз ин дарё чӣ гуна бигзарам. Билохир дид, ки дар даруни дарё киштие ба ҷониби ӯ меояд. Наздик расид, дид, ки он киштӣ холист. Дарҳол бар он киштӣ савор шуда, роҳӣ гардид ва ба атрофу ҷавониби он киштӣ назар карда дид, ки ду нону кабоби моҳӣ. Дар дил гуфт: «Ин нону кабобро маллоҳ аз барои худаш пухта бошад ва киштӣ аз дасти ӯ раҳо шуда, ба ин тараф омада. Ин нону кабобро набояд хӯрд, ки ҳаққи бегона аст». Ногоҳ боде бархоста, киштиро чун тири паррон мебурд. Баъд аз се шабонарӯз ба як канора баромад. Дид ки аҷоибу ғароиби билониҳоя ва дар дил мегуфт: «Роҳи шаҳрро аз куҷо ёбам? Ҳақиқати кори он ҷавонро ба мардумони шаҳр мегуфтам, хуб мешуд». Боз ҳафт шабонарӯз роҳ гашта дар зери кӯҳе расида дид, ки сангҳои он кӯҳ ба монанди нуқраи хом. Ба ҷониби он кӯҳ қадам ниҳода равона шуд. Пештар рафта дид, ки аз зери ҳар кадом сангҳои он кӯҳ хун ба мисли ҷӯи об ҷорӣ шуда меравад. Аз дидани ин ҳол мутааҷҷиб шуда гуфт: «Ҳақиқати ин сунъро аз кӣ пурсам?»

Билохир, аз зери он кӯҳ боло рафта дид, ки ҳамаи хоки он кӯҳ ба манзараи хун сурх буда. Миқдори ду фарсанг роҳ гашта дид, ки дарёи азиме пур аз хуни ҷӯшон. Аз ғурриши он кӯҳу дашту биёбон ҳамчун кӯраи симоб дар ларза даромада. Ҳотам мутаҳаййир шуда мегуфт: «Аз ин дарё чӣ гуна бигзарам?» — Ин гуфта ба тарафи ибтидои он дарё равона шуд. Муддати як моҳ роҳ рафта, ба ҷое расида дид, ки ҳеҷ паррандае

1 Шак — шикоф, сӯрох.
2 Мадфан — қабр.

пешина
аз 269
навбатӣ