Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
пар намезанад ва дар дил мегуфт: «Эй Ҳотам, як моҳ меҳнат кашида пой аз рафтор мондӣ. Агар даҳ соли дигар роҳ равӣ, ғайр аз дарёи пурхун ҳеҷ чизе дар назари ту нахоҳад даромад». Дар ин андеша буд, ки ногоҳ бар рӯи дарё чизе намудор шуд. Наздик расида дид, ки он чиз киштӣ будааст. Дарҳол бар он киштӣ савор шуда, муддати ҳафт шабонарӯз дар даруни он дарё роҳ рафт. Рӯзи ҳаштум ба ҷое расида дид, ки аҷоиботе менамояд. Чун аз он ҷо гузашта, муддати ҳафт шабонарӯзи дигар роҳ рафт, ташнагӣ ғолиб омада, аз дур ба назараш чизе намуд. Расида дид, ки дарёи азиме. Аз ташнагӣ хост, ки қадре об аз он дарё бинӯшад, даст андохта дид, ки ҳамаи оби он дарё нуқра будааст ва дастҳои ӯ нуқрагин шуданд. Дар дил гуфт: «Аҷаб дарёе буда, агар дар ин дарё ғӯта занам, тамоми бадани ман нуқра хоҳад шуд». Ва бо ин ҳама андеша сар ба зону ниҳода фикр мекард ва гоҳо сар бардошта, ба ҷониби чапу рост назар мекард. Баъд аз дере киштие наздики Ҳотам расид ва дар он киштӣ даромада равона шуд. Баъд аз чаҳор рӯз дар зери кӯҳе расида дид, ки сангрезаҳо сабзу сурху сафед. Беҳтар назар кард, ки ҳама ҷавоҳир. Порчае аз он ҷавоҳирот бардошта роҳӣ шуд. Баъд аз чанд муддат бар сари чашмае расида, дасти худро бо оби он чашма шуста буд, ки гӯшту пӯсти дастҳояш ба сурати аслӣ омада, аммо нохунҳои ӯ ба сурати нуқра монд ва бар сари он чашма қарор гирифт. Чун шаб бар сари дашт даромад, дид, ки ду касе аз даруни он чашма пайдо шуда, сари эшон ба монанди сари одамӣ ва пойҳои эшон ба монанди пои фил ва нохунҳои эшон ба монанди нохуни шер. Ҳотам тарсида, аз ҷои худ бархост ва гуфт: «Инҳо аҷаб балоеанд», — ва ба ҷониби онҳо тире биандохт. Он ҳарду тири Ҳотамро дар даст гирифта гуфтанд, ки:
— Эй Ҳотам, аз тарси ҷони худ тир меандозӣ? Моён ҳам аз ҷумлаи махлуқоти ин оламем ва қасд бо ту намедорем, хотири худро ҷамъ дор.
Ҳотам ин суханро шунида, тиру камонро аз дасти худ биандохт ва сари худро фурӯ карда гуфт:
— Шуморо бар ман чӣ кор аст?
Ҳарду наздики Ҳотам омада гуфтанд:
— Эй Ҳотам, туро набояд тамаъ бар чизи дунё намудан. Ангуштнамои олам хоҳӣ шуд ва номи неки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё