Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ту то ба қиёми қиёмат ба эҳсон хоҳад монд ва агар ба зару ҷавоҳир назар созӣ, номи нек дар олам нахоҳӣ баровард.
Ҳотам гуфт:
— Ман бар ҷавоҳири кадом кас тамаъ кардаам?
Онҳо гуфтанд, ки:
— Эй Ҳотам, ҷавоҳире, ки аз фалон кӯҳ оваррдӣ, магар азони туст?
Ҳотам гуфт:
— Дар замин афтода буд, аз ҳеҷ кас нахоҳад буд.
Онҳо гуфтанд:
— Эй Ҳотам, рост мегӯӣ, аммо он ҷавоҳирот ба номи фирқаи дигаре халқ шуда.
Ҳотам гуфт:
— Кадом фирқа аз одамӣ шарифтар аст?
Онҳо гуфтанд:
— Эй Ҳотам, ин ҳама ҷавоҳирот аз париён аст, ки эшон бардошта мебаранд ва ба кори худҳо сарф мена-моянд.
Ҳотам гуфт:
— Магар лоиқи ин ҷавоҳирот одамӣ набуда?
Онҳо гуфтанд, ки:
— Одамиёнро сарват дар кӯҳу рег ниҳон аст, аз ақл ба даст оранд.
Ҳотам гуфт:
— Чанд ҷавоҳир ҷиҳати намуна барои азизон бар-дошта будам.
Онҳо гуфтанд, ки:
— Эй Ҳотам, агар дар мулки худ қасди саломат рафтан дорӣ, ин ҳама ҷавоҳирхоро биандоз. Мабодо ки бар ту нуқсоне бирасад.
Ҳотам ноилоҷ шуда, он ҷавоҳирхоро биандохт ва гуфт:
— Эй азизон, бар ман ҷабру ситам намудед, ман ин ҳама сангпораҳоро ба чандин машаққат аз роҳи дур бардошта оварда будам ва аз мулки касе надуздида бу-дам.
Боз гуфтанд:
— Агар музд мехоҳӣ, ба ту музд диҳем.
Ҳотам хомӯш монд. Алғараз, андак ҷавоҳир ба Ҳо-там дода гуфтанд:
— Инро бурда ба қавми худ бинамо.
Фирқа — қавм, гурӯҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё