Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Аз ин кирдори эшон Ҳотам шод шуда гуфт:
— Эй азизон, ба ман роҳ бинамоед, ки ба ватани худ бирасам.
Онҳо гуфтанд:
— Эй Ҳотам, ба кори хайр дар ин ҷоҳо омада будӣ ва илло ҳеҷ касе дар ин маконҳо омада, ҷон ба саломат нахоҳад бурд ва умри ту дароз аст, аз ин ҷо саломат хоҳӣ рафт ва дар ин дунё корҳои нек карда, то ба қиёми қиёмат номи ту хоҳад монд ва туро ҳамаи аҳли олам хоҳанд ёд кард; аммо роҳ ҳамин аст ва дар пеш дарёи оташ аст; аз ин дарё ки гузаштӣ, ба ватани худ хоҳӣ расид. — Ин гуфта дар ҳамон чашма пинҳон шуданд.
Ҳотам шабро дар ҳамон ҷо гузаронид. Ҳангоми субҳ роҳ тай карда, ба ҷое расид, дид ки ҳама ҷоро об гирифта. Аз он об гузашта ба ҷое расид, дид, ки наҳри азиме. Бар лаби он наҳр дурри ятиме1 баробари байзаи мурғ ва зиёй2 он дурр чашмро хира мегардонд ва дар хазинаи ҳеҷ подшоҳе нахоҳад буд. Бар лаби он наҳр биншаст. Оби он наҳр аз асал ширинтар ва аз мушк хушбӯтар ва аз шир сафедтар буд. Ҳотам дар дили худ мегуфт: «Агар ин об дар шаҳр бошад, қатрае аз ин ба кас нахоҳад расид», — ва аз он наҳр гузашта равона шуд. Чанд рӯз роҳ рафта, ба зери кӯҳе расида дид, ки ҳамаи он кӯҳ аз тиллои аҳмар. Бар болои он кӯҳ баромада дид, ки дарахте аз тилло. Аз он ҷо гузашта муддати чаҳори шабонарӯз роҳ рафта ба ҷое расид васеъ. Пештар рафта дид, ки қасре аз тиллои аҳмар. Дарвозаи онро кушода дид, боғи фирдавсмонанд, чандин алвон мева ва дарахтони сабзу булбулони хушилҳон дар шохҳои он дарахтон машғули хонишанд. Аз ин ҷо гузашта пештар рафта дид, ки ҳавзи хуше, чаҳор ҳадди ӯро аз ҷавоҳиру марворид оростаанд. Бар лаби он ҳавз бинишаст. Дар ин асно париён омада диданд, ки одамизоде бар лаби ҳавз нишаста. Ҳотам париёнро дида, мутаҳайир шуд ва гуфт:
— Эй раъноён, шумоён чӣ касонед ва ин макон аз они кист?
Париён гуфтанд:
1 Ятим — якка, танҳо.
2 Зиё — шуъла.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё