Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Ин макон азони маликаи Нӯшлаб аст. Малика аз ақиб хоҳад омад.
Дар ин гуфтугӯ буданд, садои болзании кабӯтарон ба гӯши Ҳотам расид. Дарзамон маликаи Нӯшлаб бо понсад парӣ аз сӯи осмон фуруд омада, ба ҷои худ қарор гирифт. Ҳотам рӯи маликаро дида беҳуш афтод. Малика бар болои сари Ҳотам омада гуфт:
— Эй мулозимон, шишае аз атру гулоб биёред!
Дарҳол оварданд. Чанд мискол атру гулоб бар рӯи Ҳотам пошида, ӯро ба ҳуш оварданд. Малика дасти Ҳотамро гирифта, ба ҷониби тахти худ равона шуд. Худ бар болои тахт биншасту Ҳотамро бар болои курсии заррин бинишонд.
Ҳотам пурсид, ки:
— Эй маликаи олам, ин мақом тааллуқ ба кӣ дорад ва ин кӯҳро чӣ ном аст?
Малика гуфт:
— Эй одамӣ, ин кӯҳро кӯҳи Заррин мегӯянд ва ин макон ба подшоҳ Шаҳбол тааллуқ дорад ва ман яке аз хизматгорони ӯям.
Малика Ҳотамро чаҳор шабонарӯз нигоҳ дошт. Баъд аз чаҳор рӯз рухсат намуд, ки:
— Эй одамӣ, бирав, истодани ту дар ин ҷо хуб нест.
Ҳотам аз онҳо гузашта равона шуд, муддати шонздаҳ шабонарӯз бар болои он кӯҳ роҳ рафт. Баъд ба канори дарёи заррин расид. Дид, ки тамомии сангҳову регҳои дарё ҳама аз тилло ва оби он дарё чун тиллои гудохта мавҷзанон меравад ва ғурриши он бар фалак печида. Ҳотам бар лаби он дарё нишаст ва фикр карда мегуфт: «Аз ин дарё чӣ гуна бигзарам». Ногоҳ киштие аз болорӯяи он дарё ба канори он бирасид. Ҳотам ба он киштӣ савор шуда, муддати чиҳиЛ шабу рӯз дар даруни он дарё роҳ рафта, ба канорае расид ва аз дарё берун шуда, муддати ҳафт шабонарӯз бар лаби он дарё роҳ гашта, ба регистоне расида дид, ки чунон гарму сӯзон, ки гӯё дар тахти он оташ карда бошанд. Чанд қадам роҳ рафта, аз ғояти гармӣ беҳуш шуда бар он замин афтод. Қудрати он надошт, ки мӯҳраро дар даҳони худ бигирад. Дар ҳамин вақт ҳамон ду касе, ки ҷавоҳирхоро аз Ҳотам гирифта буданд, расида чанд қатра об дар гулӯи Ҳотам чаконида ба ҳуш оварданд. Ҳотам чашм кушода дид, ки ҳамон ду кас бар сари ӯ истодаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё