Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотам гуфт:
— Дар ҳамин вақти фурӯмондагӣ мададгори ман шудед. Акнун гӯед, ки ба кадом роҳ равам?
Эшон гуфтанд:
— Роҳ ҳамин аст, аз ин пештар дарёи оташ аст ва гармии ин ҳудуд аз асароти он дарӯст, агар аз ин дарёи оташ саломат бигзарӣ, ба ватани худ хоҳӣ расид ва илло роҳ намудан кори моён нест. — Ин гуфта мӯҳрае ба дасти Ҳотам доданд ва гуфтанд: — Эй Ҳотам, ин мӯҳраро дар даҳони худ гирӣ, гармии дарёи оташ ба ту таъсир нахоҳад кард. Чун аз дарё бигзарӣ, мӯҳраро бар замин монда равӣ, ки туро зиён мерасад.
Ҳамаи шабро дар он ҷо гузаронид. Алассабоҳ мӯҳраро дар даҳон андохта рӯҳ мерафт. Баъд аз се рӯз ба дарёи оташ расида дид, ки мавҷу шӯълаи оташи он дарё бар осмон печида. Ҳотамро ҳуш аз сар парида гуфт: «Паноҳе нест, чӣ бояд кард?» Дар ин ҳин киштие наздики Ҳотам расид. Дар он киштӣ савор шуда роҳӣ шуд. Мавҷҳои оташро дида, ваҳме дар дилаш афтода, дар он киштӣ дароз кашида чашмҳои худро намекушод. Баъд аз бисту як рӯз киштӣ дар миёни дарё чун санги осиё истода дар гардиш даромад. Ҳотамро яқин гардид, ки ғарқ хоҳад шуд. Дар он ҳин киштӣ дар даруни он дарё фурӯ рафт. Ҳотам дил аз зиндагонии худ канда, муддати чаҳор рӯз дар дарёи оташ бо он киштӣ мерафт. Баъд аз чаҳор рӯз ба замин расида чашм бикшод. Дид, ки не киштиву не дарё ва не оташ. Дарҳол мӯҳраро аз даҳони худ андохта равон шуд. Қариб чаҳор фарсанг роҳ рафта дид, ки ба сарҳадди Яман расидааст. Пештар рафта дид, ки деҳқоне зироати худро об медиҳад. Пурсид, ки:
— Эй деҳқон, ин кадом навоҳӣ ва ин деҳаҳо чӣ ном аст?
Деҳқон ба тарафи Ҳотам нигоҳ карда мутаҳайир шуд.
Ҳотам гуфт:
— Магар гӯши ту кар аст, ки суханро ҷавоб намедиҳӣ?
Деҳқон гуфт:
— Ба суханони ту ҳайрону парешонам ва туро ба шаҳзодаи худ монанд кардаам.
Боз гуфт:
— Ин навоҳӣ ҳадди Яман аст ва ин деҳа Сарҳин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё