Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ном дорад ва моён ҳафт пушт раияти подшоҳи ҳамин мулкем, ки номи неки ӯ Ҳотам бинни Тай аст. Қариб нӯҳ сол аст, ки тарки подшоҳӣ карда, ба кори хайр рафтааст. Дар ин муддати нӯҳ сол як бор хабари худро бо маликаи Зарринпӯш расонида. Алҳол падару модари ӯ, хусусан маликаи Зарринпӯш дар ғами ӯ мубтало шуда.

Ҳотам гуфт:

— Эй деҳқон, чизе хӯрдани дорӣ, ки биёрӣ, бисёр гуруснам.

Деҳқон дарҳол таоме оварда, дар пеши Ҳотам гузошт. Ҳотам он таомро тановул карда гуфт:

— Худоро шукр, ба ватани худ расидаам.

Он деҳқон дар зери қадами Ҳотам афтода гуфт:

— Эй шаҳзода, чаро худро аз ман пӯшида медорӣ?

Ҳотам гуфт:

— Эй деҳқон, маро нек шинохтӣ, лекин аҳд карда будам, ки то рафта рӯи падару модарро набинам, аҳволи худро ба касе изҳор нанамоям.

Деҳқон гуфт:

— Эй шоҳ, ду-се рӯзе дар ин ҷо осуда шав ва маро шод гардон. То падарат шунида, бо ман таарруз¹ нанамояд, ки хизмати шаҳзодаро ба ҷо наёвардӣ.

Ҳотам гуфт:

— Дар ин ҷо истодан аз маслиҳат нест. Онҳо хабар ёфта хоҳанд омад. Худ рафта падару модари маро хабар расонӣ, ки Ҳотам бандагӣ намуда, ба ҷониби Ҳуснобод сиҳат ва саломат гузашта рафт.

Дарҳол деҳқон ба хонаи худ даромада, нонҳои равғанӣ бароварда, дар назди Ҳотам гузошт ва узри таксирот менамуд, ки ман хизмати бандагӣ ба ҷо наёвардам.

Ҳотам гуфт:

— Эй деҳқон, ман аз ту розӣ ҳастам.

Алғараз, бо деҳқон видоъ намуда, роҳи Ҳуснободро пеш гирифта роҳӣ шуд. Баъд аз як моҳ ба канори Ҳуснобод расид. Мулозимони малика Ҳотамро ба чандин таъзим ба дари боргоҳ бурданд. Малика фармуд, ки курсии заррин оварда, дар зери қадами Ҳотам ниҳоданд. Дарҳол аз паси парда пурсид, ки:

— Эй Ҳотам, хуш омадӣ, акнун маро аз асрори кӯҳи Нидо огоҳ гардон.


¹ Таарруз — хашм, итоб.

пешина
аз 269
навбатӣ