Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотам тамоми саргузашти худро бо воқеоти кӯҳи Нидо дар назди малика як-як баён намуд. Малика гуфт:
— Эй ҷавон, таҳсину офарин бод бар ҷуръату ҳиммати ту! Ҳарчӣ гуфтӣ рост аст, ки шунидаи ман чунину чунон буд.
Ҳотам гуфт:
— Офарин бод бар ту ва бар омӯзгоре, ки инчунин чизҳои ғариб ба ту омӯхта будааст.
Малика гуфт:
— Эй Ҳотам, ҳеҷ нишонае аз кӯҳи Нидо овардӣ?
Ҳотам аввал ноҳуни дасти худро бинамуд, дуввум он ҷавоҳироте, ки аз кӯҳ гирифта буд, дар назди малика гузошт.
Малика бо ин ҳама корҳои Ҳотам таҳсину офарин мекард. Дар он ҳин мулозимони малика хони заррини пур аз таоми латиф оварда, дар назди Ҳотам гузоштанд.
Ҳотам гуфт:
— Ин таомро бурда, дар корвонсаро бо шаҳзода тановул хоҳам намуд.
Ин гуфта аз боргоҳи малика баромад, ба шаҳзода Мунир мулоқот варзид.
Хизматгорони малика чандин навъ таом оварда, дар назди Ҳотам ва шаҳзода гузоштанд. Ҳардуи онҳо ба хӯрдани таом муқайид шуданд. Баъд аз фароғи таом Ҳотам тамомии саргузашти худро дар назди шаҳзода як-як баён намуд. Шаҳзода ба ин ҳама корҳои Ҳотам офарин карда, сари худро дар зери қадами Ҳотам гузошт. Ҳотам сари шаҳзодаро бардошта дар канор гирифт ва гуфт:
— Эй шаҳзода, ман тану ҷони худро дар роҳи хайр бохтаам.
Алғараз, се рӯз дар ин ҷо ором гирифта, баъд ба хизмати малика рафт. Мулозимони малика хабар расонида гуфтанд, ки:
— Эй малика, Ҳотам ба хизмат ҳозир шуд.
Малика дар паси парда нишаста ва Ҳотамро бар болои курсии заррин шинонида гуфт:
— Эй Ҳотам, туро матлаб чист?
Ҳотам гуфт:
— Эй малика, акнун саволи шашумро бифармо, то ман ба талаби ҷавоби он биравам.
Малика гуфт:
— Эй Ҳотам, акнун хабари Ҳаммоми бодгард биёри.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё