Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Шунидаам, ки ҳаммоме мегардад ва мардумон дар он ҳаммом чӣ гуна ғусл мекунанд ва сохти он ҳаммом ба кадом равиш аст ва бунёди ӯ ба кадом навъ аст?
Ҳотам гуфт:
— Эй малика, ҳеҷ медонӣ, ки он ба кадом тараф аст?
Малика гуфт:
— Шунидаам, ки байни Ғарб ва Ҷануб аст, аммо намедонам, ки ба кадом роҳ мерафта бошанд.
Ҳотам аз хизмати малика баромада, дар назди шаҳзода омад. Шаҳзодаро видоъ намуда, рӯ ба биёбон ниҳод.
САФАРИ ШАШУМ
Ҳотам пас аз чанд рӯз бар сари чоҳе расида дид, ки мардумони бисёр ҷамъ шудаанд.
Пурсид, ки:
— Эй ёрон, дар ин ҷо чӣ ҳодиса аст?
Яке аз онҳо гуфт:
— Писари ҳоким ин чоҳро дида девона шуда ва дар ин чоҳ афтодааст, ҳарчанд ки меҷӯянд, зинда ё мурдаи ӯ намеёбанд. Маълум нест, ки дар ин чоҳ чӣ бало бошад. Ҳеҷ кас аз тарси ҷон дар ин чоҳ намедарояд.
Ҳотам гуфт:
— Дар ин чоҳ сирре хоҳад буд.
Ин суханро шунида падару модари ӯ гиребонҳои худро то ба доман чок зада, нолону гирён дар назди Ҳотам омаданд.
Ҳотам гуфт:
— Эй аламрасидагон, сабр намоед, ки гиряи шумоён суде надорад.
Онҳо гуфтанд, ки:
— Эй ҷавон, рост мегӯӣ, аммо аз фироқи фарзанд беқарорем ва ин ҳама нола мекунем. Касе нест, ки ба мо ёрӣ диҳад.
Ҳотам гуфт:
— Эй кулфатрасидагон, шумоён сабр намоед, ман дар ин чоҳ даромада, аз фарзанди шумо хабар хоҳам гирифт. Аммо шумоён бар сари ин чоҳ то як моҳ бошед. Агар дар ин муддати як моҳ берун омадам, бисёр хуб ва илло ба кори худҳо биравед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё