Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин бигуфту худро дар он ҷоҳ андохт, нафас дарун гирифта дар зери он фурӯ рафт. Вақте буд, ки пойҳои Ҳотам бар замин расид чашм кушода дид, ки не об ҳасту не ҷоҳ, балки майдони васеъ ва равшане. Ҳотам пештар рафта боғе дид. Дар даруни он боғ даромада сайркунон мерафт. Ногоҳ айвоне намуд, наздик расида дид, ки ҷамоате паризодон дар миёни он айвон тахтҳои мурассаъ рӯ ба рӯи якдигар гузошта, бар болои он тахтҳо бо чандин нозу карашма нишастаанд. Аз ҳамаи он паризодон муқаддамтар бар болои як тахти олӣ ҷавони соҳибҷамоли некӯсурат ва бар болои як тахти дигар як нозанини офтобталъате ба чандин нозу истиғно нишаста. Ҳамаи паризодон бар гирди тахти он нозанин саф кашида истодаанд. Дарҳол назари паризодон ба ҷониби Ҳотам афтода, шӯре бардошта ва ба он нозанини тахтнишин гуфтанд, ки:
— Эй ҷаҳонафрӯз, як одамизоде дар ин мақом омадааст.

Он нозанини тахтнишин ба ҷониби он ҷавон нигоҳ карда гуфт:
— Эй ҷавони накӯчеҳра, аз қавми шумо яке дар ин мақом омадааст, агар фармоед, ӯро талабида шарти меҳмондорӣ ба ҷой орем.

Ҷавон гуфт:
— ХУШ бошад.

Дарҳол он паризод гуфт:
— Он ҷавонро биёред.

Хизматгорон Ҳотамро ба иззати тамом дар пеши он ҷавони нозанин оварданд. Ҳотам наздик расида буд, ки он ҷавон аз болои тахт фурӯ омада тавозӯи бисёрёре ба ҷо оварда, Ҳотамро бар болои тахти олӣ бинишонд. Дарҳол фармуд, ки таом биёред.

Мулозимон чандин қисм таом оварда, дар назди Ҳотам гузоштанд. Ҳотам мувофиқи иштиҳо аз он таомҳо тановул намуд. Баъд аз фароғи таом он ҷавон аз Ҳотам пурсид:
— Эй ҷавон, аз куҷоӣ ва дар ин ҷо барои чӣ омадӣ ва чӣ ном дорӣ?

Ҳотам гуфт:
— Эй барно, бидон ва огоҳ бош, асл аз Яманам ва номи ман Ҳотам бинни Тай аст. Алҳол аз ҷониби Ҳуснобод омада, ба тарафи Ҳаммоми бодгард меравам ва дар ин мақом ҷамоаеро дидам, ки бар сари ҷоҳе истода гиря мекунанд...

пешина
аз 269
навбатӣ