Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва ҳамаи саргузашти худро як-як баён намуда буд, ки он ҷавон гуфт:
— Эй бародар, писари он подшоҳ манам. Рӯзе аз қазо бар сари чоҳ омада, ин нозанинро дидам. Тири ишқаш бар сафҳани синаи ман расида, ошиқу мубталои ӯ гардидам. Билохир ихтиёр аз ман рафта девонавор худро дар зери ин чоҳ андохтам. Дарҳол ба зери он чоҳ расида, худро дар ин боғ дидам ва ин нозанин маро ба висоли худ шодмон гардонид. Акнун ба хотирҷамъии тамоми ба висоли дилбари худ ишқбозӣ дорам.

Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, ту дар ин ҷо умри худро ба айшу ишрат мегузаронӣ, падару модари ту гирён ва дар оташи ҳаҷри ту синабирёнанд.

Ҷавон гуфт:
— Эй бародар, ихтиёр ба дасти ман нест, балки ихтиёри ман ба дасти малика аст. Агар маро рухсат бидиҳад, ба хизмати падару модар хоҳам рафт.

Ҳотам гуфт:
— Андаке сабр намой, арзи аҳволи падару модари туро ба хизмати малика бирасонам.

Ҳотам рӯ ба ҷониби малика карда гуфт:
— Эй моҳи олам, ин кор аз эҳсон дур аст, ки ту мекунӣ. Падару модари ин ҷавон дар фироқи ӯ қариб аст, ки ба ҳалокат бирасанд. Бояд ки лутф намуда, ин ҷавонро рухсат фармой, то рафта падару модари худро хотирҷамъ намуда биёяд.

Паризод гуфт:
— Эй ҷавон, ман ӯро кай манъ кардаам? Худи ӯ мубталои ман шуда, худро дар ин чоҳ андохтааст. Акнун ҳар ҷо рафтанӣ бошад, биравад.

Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, паризод рухсат фармуд.

Шаҳзода гуфт:
— Эй бародар, ин калом пурмаъние дорад. Ин ҷавоб нест, балки айни эътироз аст. Ҷавоби аҳсан ҳамин, ки бо ман аҳду паймон намояд. Дар ҳар ҳафтае ду шаб дар назди ин барно бошам.

Ҳотам гуфт:
— Эй маликаи хубон, меҳрубониро дар бораи ин ҷавони гирифтор дареғ надошта қабул фармой. Ман дар фалон кӯҳ рафта, фалон дарёро дида аз ҷамоати шумоён чандин қисм шафқату меҳрубонӣ дидаам, ки дар бани одам надидаам.

пешина
аз 269
навбатӣ