Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Он нозанин гуфт:
— Эй ҷавон, некӯ гуфтӣ, аммо ӯ нодон аст ва маро аз дилу ҷон дӯст намедорад.
Ҷавон гуфт:
— Эй раъно, ман туро аз ҷон дӯсттар дорам, барои ту аз падару модар ва аз ватан гузашта, худро дар ин ҷо андохтаам ва илло маро дар зери ин чоҳ чӣ кор аст? Туро аз ҳама чизҳо дӯсттар медорам. Ва ин чӣ сухан аст, ки ту мегӯӣ?
Парӣ гуфт:
— Дӯст доштани ман чунин аст, ки ҳар чӣ гӯям, қабул намой, он замон медонам, ки ту маро дӯст медорӣ.
Шаҳзода гуфт:
— Бифармо, то ба ҷон оварам.
Паризод аз ҷои худ бархоста паризодонро фармуд, ки як деги оҳанин оварда, бар болои дегдони пур аз оташ гузоред ва он дегро пур аз равған карда, хуб доғ кунед.
Дарҳол мулозимон ҳамчунон карданд. Парӣ дасти шаҳзодаро гирифта бар сари он деги пур аз равғани тафсон омада гуфт:
— Эй шаҳзода, агар маро дӯст медорӣ, дар ин деги ҷӯшон худро биандоз.
Ҷавон гуфтаи париро қабул намуда хост, ки дар деги равғани ҷӯшон дарояд.
Паризод дасти шаҳзодаро гирифта гуфт:
— Ҳарчӣ фармой, қабул аст. Донистам, ки дар ишқ собитқадамӣ.
Билохир Ҳотамро бо шаҳзода дар он ҷо нигоҳ дошта, муддати як моҳ меҳмондориҳо намуд.
Мардумоне, ки бар сари чоҳ буданд, ваъдаи як моҳро мешумурданд ва мегуфтанд:
«Агар он ҷавон имрӯз аз ин чоҳ берун ояд, хуб аст ва илло фардо ҳама ба хонаҳои худ хоҳем рафт».
Алғараз, Ҳотам аз ҷои худ бархоста гуфт:
— Эй барно, ваъдае бо падару модари шаҳзода карда будам, имрӯз тамом хоҳад шуд. Ту низ меҳрубониро ба олами зуҳур оварда, ваъдаи худро ба тақдим расонӣ. Берун шудани моён аз ин чоҳ зарур. Зеро имрӯз ҳама чашми интизор бар моён хоҳанд дошт ва низ бо ин шаҳзода аҳд намуда қасами меҳтари Сулаймон дар миён орӣ, то он ки бовар созем.
1 Меҳтар — бузург.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё