Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Дарҳол паризод аҳд баста қасами меҳтари Сулаймон дар забон оварда, аҳди худро мустаҳкам гардонид. Баъд аз он париёнро фармуд, ки ин ду ҷавонро аз чоҳ бароварда, дар пеши мунтазирон гузоред.
Паризодон дасти ҳардуро гирифта, яке хез карда, бар сари чоҳ бароварда гузоштанд. Падару модар ва ҷамъи хизматгорон шаҳзодаро дар канор гирифта нолаву зорӣ мекарданд ва дар ҳаққи Ҳотам дуои хайр менамуданд.
Подшоҳ Ҳотамро бо писари худ дар шаҳр дароварда, меҳмондориҳо бинамуд.
Ҳотам дар назди шаҳзода, ду ҳафта истода дид, ки он парӣ ба ваъдаи худ вафо карда, чаҳор маротиб омада шаҳзодаро аз коми васли худ шод гардонид, дар тааҷҷуб шуда мегуфт: «Худоё агар дар миёни инсон инчунин вафову ростӣ мешуд, фаришта мешуданд. Офарин бод бар қавме, ки ваъдаи худро вафо менамоянд».
Алгараз, Ҳотам аз подшоҳ ва шаҳзода рухсат гирифта, аз паи матлаби худ роҳӣ шуд. Тамомии дашту саҳроро мегашт. Рӯзе дар ободие расида шаҳре дид. Дар беруни шаҳр пирамарде нишаста буд. Ҳотамро дида гуфт:
— Ассалому алайкум, эй ҷавон, хуш омадӣ ва қадами сафо овардӣ.
Ҳотам ҷавоби салом дод.
Пирамард гуфт:
— Эй ҷавон, мехоҳам, ки имшаб дар кулбаи ман қадам ранҷа намой ва бо ман ҳамнамак шавӣ.
Ҳотам гуфт:
— Хуб аст.
Он пирамард Ҳотамро дар хонаи худ бурда, шароити меҳмондорӣ ба ҷой овард ва пурсид, ки:
— Эй ҷавон, чӣ ном дорӣ ва ирода ба кадом тараф овардай?
Ҳотам гуфт:
— Эй азиз, номи ман Ҳотам ва ватани ман дар шаҳри Яман аст. Алҳол аз тарафи Хуснобод омада, ба ҷониби Ҳаммоми бодгард қасди рафтан дорам.
Пир гуфт:
— Эй ҷавон, он кадом душмани ҷони ту будааст, ки туро ба талаби Ҳаммоми бодгард фиристода? Аввал он, ки нишони ӯ маълум нест; сонӣ, шунидаам, ки ҳар кӣ ба талаби Ҳаммоми бодгард рафт, ба саломат бознаёмадааст. Ту кори бепоёнро ихтиёр намудӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё