Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотам гуфт:
— Эй бузург, ман ҷони худро фидои кори хайр кардаам. Ҳар кӣ хоҳад, сари худро дар пеши ӯ гузорам. Агар аз ҳақиқати Ҳаммоми бодгард шуморо огоҳе бошад, маро маълум намоед, то ҷон дорам, ба талаби вай хоҳам кӯшид.
Пир гуфт:
— Ин қадар дар хотир дорам, ки Қаттон ном шаҳрест ва Ҳорис подшоҳи он диёр буда ва дар навоҳии он мулк кӯҳистоне буд; устодон дар он кӯҳ тилисмоти Ҳаммоми бодгардро бино кардаанд. Касе дар он тилисмот рафта бознаёмадааст. Акнун Ҳорисшоҳ чанде аз хизматгорони худро дар он ҷо посбон гузоштааст. Агар касе дар он ҳад ба талаби Ҳаммоми бодгард бирасад, посбонон ба хизмати шоҳ мӯбаранд. Он ҳам маълум нест, ки шоҳ ӯро мегузорад ё мекушад.
Ҳотам гуфт:
— Эй азиз, ҳақиқати кори худро ба ту арз менамоям.
Пир гуфт:
— Эй ҷавон, бигӯ саргузашти худро.
Ҳотам воқеаи шаҳзода Мунир ва духтари бозаргонро дар назди он пир як-як баён намуда гуфт:
— Эй азиз, бинобар хотири он шаҳзода ин ҳама ранҷҳоро ба худ ихтиёр намудаам.
Пир гуфт:
— Эй ҷавон, аз ин роҳ баргард, ки Ҳаммоми бодгард дар тилисмоти пурзӯр аст.
Ҳотам гуфт:
— Эй пир, акнун чӣ гуна бозгардам, ки чандинсола меҳнатҳои ман зоеъ хоҳад гардид ва дар ин боб хилоф ба аҳди худ мекарда бошам.
Пир гуфт:
— Эй ҷавон, бар ҷони худ раҳм кун, вагарна талаф хоҳӣ шуд. Чунончӣ, Сафдаъ сухани қавми худро қабул накарда пушаймон шуд.
Ҳотам гуфт:
— Эй азиз, боре бигӯ, ҳақиқати он чӣ гуна аст?
Пир гуфт:
— Эй Ҳотам, дар навоҳии Шом даҷлаест ва дар он даҷла Сафдаъ ном ҷонворе маскан карда буд. Рӯзе ба хотир гузаронид, ки «акнун ба даҷлаи дигар рафта ватан бояд кард». Аз ин ваҷҳ ба қавми худ машварат карда гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё