Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй бародарон, мехоҳам, ки аз ин макон рафта ба ҷое дигар ватан намоем, чаро ки макони тоза нек хоҳад шуд ва дилҳоро равшан хоҳад гардонид ва муф-лисонро тавонгар созад. Дар ин ватан ҳаргиз рӯи давлатро надидам.

Қавми ӯ гуфтанд:

— Ин ҳавасро аз дили худ дур кун, ҳаргиз роҳат нахоҳӣ ёфт ва пушаймон хоҳӣ шуд. Бе ваҷҳ аз ватан гузаштан маъно надорад. Ҳар кас гуфтаи бузургонро ба гӯш нагирад, оқибати кори ӯ ба расвой хоҳад ка-шид. Ин андешае, ки ту ба худ роҳ додай, маълум ме-шавад, ки парешоние туро пеш омадааст, боқӣ ихтиёр бо ту.

Сафдаъро бод бар димоғ ҷо шуда буд. Гуфтаи қав-ми худро қабул накард. Бо зану фарзандон аз даҷла баромада, роҳи хушкиро пеш гирифт, ба хаёли даҷлаи дигар хушхонӣ карда мерафт. Аммо ҷонварони обиро дар хушкӣ роҳ гаштан бисёр мушкил ва маҳол буд. Чаро ки дар хушкӣ офати ҷонварон бисёр аст. Саф-даъ шодикунон дар биёбон роҳ мерафт. Дар он даҷла море буд, ки Сафдаъ бачагони он морро хӯрда буд. Қазоро он мор аз он даҷла баромада, ба хоки гарм ғалтида буд. Ташнаву гурусна дар миёни хок хобида буд, ки садои Сафдаъ ба гӯши ӯ расид. Сар аз хоб бар-дошта дид, ки Сафдаъ хушхонӣ карда рафта истодааст, ба умеди он ки ба даҷлаи дигаре ватан созад. Сафдаи дигаре шунида, ба истиқбол баромада рақсҳо мекард. Дар ин ҳин мор расида зану фарзандони он Сафдаъ-ро як-як фурӯ мебурд. Сафдаъ дид, ки балои азиме пайдо шуда зану фарзандони ӯро як-як фурӯ бурд, ба сад ҳила худро дар як сӯрохии муш гирифта, зану фарзандонро аз даст дода, бо чандин машаққат аз дас-ти мор халосӣ ёфт. Ва шаб бар сари даст даромада буд, ки аз он ҷо гурехта ба ватани қадимии худ омад. Қавм онро дида сарзаниш карданд ва гуфтанд:

— Сухани моёнро қабул нокарда рафтӣ, зану фар-зандони худро барбод додай, хонаи худро хароб кар-дай.

Ҳарчанд ки қавм ӯро сухан карданд, аз шармандагӣ сари худро боло намекард, эшонро ҷавоб намедод. Пир гуфт:

1 Муфлис — бечора, камбағал.

пешина
аз 269
навбатӣ