Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй Ҳотам, туро низ ҳамин муқаддима пеш омадааст, гуфтаи маро қабул намо ва аз ин роҳ баргард, ки ба Ҳаммоми бодгард касе нарасидааст ва аз ин роҳ мурод ҳосил накардааст.
Ҳотам гуфт:
— Эй пир, ҳарчӣ гуфтӣ, аз рӯи дӯстии ман мегӯӣ ва тимсоли нек баён намудӣ. Лекин муносиб нест, ки маро аз кори хайр манъ намоӣ. Агар медонӣ, роҳи Ҳаммом ба ман бинамой, илло худ хоҳам рафт.
Пир узри бисёре пеш оварда гуфт:
— Эй ҷавон, маъзур медорӣ, ки ба хизмати ту пургӯй намудам. Маълумам шуд, ки ту ҷавонмардӣ. Имшаб дар ин мақом бош, то туро фардо роҳбарӣ намоям.
Шаб гузашт, чун рӯз шуд, Ҳотам гуфт:
— Эй азиз, акнун маро роҳнамоӣ кун.
Пир дид, ки Ҳотам дар ин роҳ собитқадам аст, ночор баромада порае роҳ рафта, бар сари дуроҳае расиданд.
Пир гуфт:
— Эй Ҳотам, ба роҳи дасти рост бирав, шаҳрест ва дар атрофи он шаҳр қаряҳост1. Чун аз онҳо бигзарӣ, кӯҳи азиме бинамояд ва дар зери он кӯҳ аҷойботи бисёре туро пеш хоҳад омад. Бояд ки дил қавӣ дорӣ. Чун аз он ҷо бигзарӣ, биёбони азиме намояд ва дар он биёбон бирасӣ, қудратҳои худойро мушоҳида хоҳӣ кард. Чун аз он биёбон бигзарӣ, ду роҳ пеш хоҳад омад, зинҳор бо роҳи дасти чап биравӣ, ки роҳи дасти рост хатарнок аст. Ҳар дуи он роҳҳо ба шаҳри Қаттон мерасанд, аммо роҳи рост наздик ва хатарнок аст ва роҳи чап дур ва бехатар.
Ҳотам гуфт:
— Чунин хоҳам кард. Валекин ҳеҷ кас бе аҷал намурдааст, бо роҳи наздик хоҳам рафт.
Пир гуфт:
— Эй ҷавон, нашнидай, ки корафтодагон гуфтаанд:
Ба роҳи дида рав, ҳарчанд ки дур аст,
Зани мардум магир, ҳарчанд ки хур аст,—
ва агар ба гуфтаи ман амал накунӣ, офату хатари бисёре хоҳӣ дид. Дигар ихтиёр мар турост.
1 Қаря — деҳа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё