Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ин бигуфту видоъ карда бозгашт.
Ҳотам аз пир ҷудо шуда равона гардид. Алкисса, баъд аз як моҳ ба шаҳре расид, ки овози нақораву сурной тамомии он шаҳрро фурӯ гирифта, дар дил гуфт, ки: «Дар ин шаҳр тӯе барпо кардаанд». Наздик расида дид, ки ҳарҷо-ҳарҷо хаймаҳо барпо карда, палосҳои шоҳона фарш кардаанд ва ҳамаи мардумони он шаҳр чандин қисм нағмаву соз дар навозиш оварда нишастаанд ва таббохон дегҳои ҷаҳоргӯшаву ҳаштгӯша бар болои оташдонҳо ниҳода, чандин анвоъ таом пухта истодаанд.
Ҳотам пештар рафта пурсид, ки:
— Эй бародарон, дар ин шаҳр чӣ шодиест?
Онҳо гуфтанд:
— Эй бародар, ҳар сари чанд вақт мори азиме меояд ва ба сурати одамӣ мешавад ва як духтари соҳибҷамол аз моён талаб менамояд. Ҷамъи духтарони ин шаҳрро берун меорем, хоҳ аз шоҳ бошад ва хоҳ аз гадо ва бо ин тариқа дар ин мақом хаймаҳоро ба маснадҳои шоҳӣ ороста мегардонем. Чандин қисм таом пухта, нағмаву созу сӯҳбат медорем ва он мор наздик расида ғел мезанад, ба сурати ҷавони соҳибҷамол шуда, дар ҳар хайма медарояд. Ҳар кадом аз ин духтарони хайманишин хубу марғуб намояд, гирифта мебарад. Бинобар он ҳар кадоми моён тӯи духтари худро ба тақдим мерасонем ва илло ҳамаи вилоятро харобу ночиз мегардонанд. Ночор ба фармудаи он амал менамоем. Маълум нест, ки имрӯз омада духтари кадоми моёнро мебурда бошад. Ин ҳама корҳо барои арӯсии мор аст. Он замон, ки мор духтарро мебарад, падару модар ва хешон то як ҳафта мотами он духтарро медоранд.
Ҳотам гуфт:
— Эй азизон, балои азиме бар шумоён нозил шуда, ин ҳама шодмониҳо муқаддимаи мотам будааст.
Ҳамаи он мардумон гуфтанд:
— Чӣ чора созем? Илоҷи онро наметавонем кардан.
Ҳотам гуфт:
— Умед аст, ки он балоро аз сари шумоён дур хоҳам намуд, шумоён хотири худҳоро ҷамъ доред.
Мардумон ин суханро аз даҳони Ҳотам шунидан баробар дар пеши бузургони худ рафта гуфтанд, ки:
— Як ҷавони мусофир чунину чунон мегӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё