Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Дарҳол калонон рафта, ба хизмати подшоҳ арз намуда гуфтанд, ки:
— Эй шоҳ, мусофире омада, мегӯяд, ки он балои азимро аз сари шумоён дур хоҳам кард.
Шоҳ фармуд, ки:
— Он мусофирро дар назди ман биёред.
Ҳамон соат ҳоҷибон Ҳотамро дар пеши подшоҳ оварданд.
Ҳотам аз дари боргоҳ даромада, таъзиму тавозуи шоҳро ба ҷо оварда, ҳамаи саргузашти худро як-як арза намуд. Баъдаҳу шоҳ гуфт:
— Эй ҷавон, медонӣ, ки чӣ офату балост?
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, ин ҷин аст. Чиниён рӯ ба фасоду зулм ниҳода, дар азори мардумон кӯшида, халқро парешон месозанд.
Шоҳ гуфт:
— Эй ҷавон, агар ин бало ҷин аст ва ба сабаби ту аз сари моён дур хоҳад гардид, ту эҳсони беандоза дар бораи моён хоҳӣ кард.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, дар ин кор аз барои ҳақ ва хайр қадам хоҳам ниҳод, ба шарти он ки ҳарчӣ ман гӯям, ҳамаи онро қабул намоед.
Шоҳ гуфт:
— Бигӯ.
Ҳотам гуфт:
— Вақте ки он мор духтари ҳар кадоми ин мардумонро бурданӣ шавад, падару модари он духтар гӯянд, ки: «Бузургзодае доштем ва ӯ аз моён ҷудо шуда муддатест, ки ба ҷое рафта буд, алҳол он бузургзода омада мегӯяд, ки духтарҳои худҳоро бе изни ман ба шавҳар надиҳед ва илло ҳамаи шумоёнро ба қатл расонида, ин ҳама макону манзилҳои шумоёнро харобу ночиз хоҳам гардонид. Агар бе изни ӯ духтарро ба ту бидиҳем, ҳамаи моёнро кушта ин мулкро хароб хоҳад кард».
Ҳамаи он мардумон гуфтанд:
— Фармонбардорем, ин суханҳоро ба он бало хоҳем гуфт!
Шоҳ бо ҷамеи он мардумон он рӯзро ба айшу фароғат гузаронид. Ҳангоми шом буд, ки садои ҳаракати
1 Изн — рухсат, иҷозат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё