Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
он хабар ба гӯши мардумон расид. Ҳамаи мардумон ба ҷониби он мор нигоҳ карда диданд, ки мор сар бар фалак кашида меояд ва дарозии вай сар то сари биёбонро фаро гирифта. Деворҳову сангҳо, ки дар зери синаи ӯ мемонд, ҳамчун сӯрма нарм-нарм мегардид.
Ҳотам он морро дида гуфт:
— Ин ҷин аст, ки ба тилисм ин ҳама корҳо мекунад.
Ҳамаи он мардумон мегуфтанд: «Ин ҷавон бо ин бало чӣ муомила мекарда бошад?»
Он мор наздик расида, думи худро яке ҷунбонида буд, ки ҳамаи он мардумон сар ба замин ниҳода, мадҳуш афтоданд ва он мор ба ҳар тараф нигоҳ карда ва ҳамаро мадҳуш дида, дарҳол ғалте зада, ба сурати ҷавони некӯрӯй шуд ва ба ҷониби боргоҳи шоҳ роҳӣ гардид. Шоҳ ин ҳолро дида, сарупо бараҳна берун рафта он золимро аз даст гирифта оварда ва бар болои тахти худ нишонд. Соате гузашта буд, ки ҷавон — мор аз ҷои худ бархоста гуфт:
— Акнун духтарҳои худро ба ман як-як бинамоед.
Шоҳ гуфт:
— Ихтиёр мар турост.
Дарҳол ҷин тамомии он духтарҳоро як-як дида, ҳеҷ кадоми онҳоро хуш накард. Охируламр, дар қасри шоҳ даромада духтари подшоҳро хост ва гуфт:
— Эй шоҳ, духтари ту маро хуш омада, акнун ӯро ба ман бидиҳӣ, ки гирифта ба мақоми худ барам.
Шоҳ гуфт:
— Ҳарафе дорам, шунида ҷавоби ӯро гӯй, духтарро ба ту хоҳам дод.
Ҷин гуфт:
— Эй шоҳ, ҳарфи худро бигӯй.
Дарҳол шоҳ ҳамаи гуфтаҳои Ҳотамро як-як баён кард ва гуфт:
— Бе изни он бузургзода духтарро ба ту додан муҷиби қатли моён ва харобии ин мулк аст. Бояд, ки дар ин боб ба ӯ машварат намоем.
Ҷин гуфт:
— Ӯ дар куҷост? Дар ин мақом ҳозир созед!
Дарҳол Ҳотамро дар назди ҷин ҳозир карданд.
Ҷин гуфт:
— Эй ҷавон, муддатест, ки дар ин шаҳр рафтуомад дорам, туро ҳаргиз дар ин ҷоҳо надида будам, то ба ин вақт куҷо рафта ва аз куҷо омадӣ ва мардумонро чаро ваҳшат додӣ, ки аз додани духтари худ мамнӯъ шудаанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё