Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ва бе изни ту духтарҳои худҳоро ба касе намедиҳанд? Мехоҳӣ, ки ҳамаи эшонро гумроҳ карда, ин мулкро харобу ночиз гардонӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, калонон аз гузаштагони моён расму қоидае доштанд, ки инҳо онро гузошта, расми дигаре баровардаанд, ки туро ҳукм ба он ҷорист.
Чин рӯ ба ҷониби подшоҳ карда гуфт:
— Эй шоҳ, ҳар чизе ки бузургони шумо карда бошанд, онро кардан беҳтар аст.
Шоҳ рӯ ба ҷониби Ҳотам карда гуфт:
— Эй бузург, акнун шумо расми бузургон ва гузаштагонро дар ин боб ҷорӣ кунед.
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавони некӯрӯй ва некӯхӯй, бузургон ва гузаштагон ин мӯҳрае, ки дар дасти ман аст, ба об соида домоду духтарро ба он об ғусл мекунониданд, ки хосияти неке дорад ва дар мобайни духтару домод мувофиқат ва созгорӣ ҳосил мешавад.
Чин гуфт:
— Ҳамчунон бояд кард.
— Ҳотам мӯҳраро ба об соида, онро дар пеши Чин ниҳод. Дарҳол рубъи1 он обро Чин лочуръа даркашид. Бақияи он обро Ҳотам дар хуми калоне, ки он ҷо ҳозир буд, андохта гуфт:
— Эй домоди некқадам, дар ин хуми об даромада бадани худро хуб шӯед, ки хосияти неке дорад, баъд аз он духтари шоҳро ба шумо таслим хоҳем намуд. Вагарна ҳазор лаъл ва ҳазор дона алмоспора, ки дар зери нигини париён аст ва ҳар кадом ба монандӣ байзаи мурғе, ҷурмона дода духтарро хоҳӣ бурд ва илло не.
Азбаски Чин пурсӯр буд, ба худаш мағрур шуда, дар хуми об даромаданро қабул намуд ва гуфт:
— Некӯ бошад.
Дарҳол аз ҷои худ бархоста, либосҳоро аз бари худ кашида дар он хуми об бетавакқуф даромад ва дар замон тилисмоте ки бо худ дошт, ҳама якбора аз дилаш маҳв шуд. Ҳотам сари хумро мустаҳкам намуда, ба хондани исми аъзам муқаййид шуд. Исми аъзамро чанд маротиб хонда дамида буд, ки сари он хум ба монандӣ садди Искандари Зулқарнайн мазбуту мустаҳкам гардид. Ҳотам овоз дода гуфт, ки:
1 Рубъ — чорьяк.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё