Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй «домод», берун оед, ҳама мунтазири дидори шумоем.

Чин ҳарчанд зӯр кард, берун натавонист баромадан. Ҳотам рӯ ба ҷониби мардумон карда, гуфт ки:

— Эй ёрон, ҳема1 ҷамъ кунед, домод дар даруни об сард хӯрдаанд, гарм хоҳем намуд.

Мардумон ба фармудаи Ҳотам ҳезуми бисёре ҷамъ карда, аз атрофи он хум оташ ниҳоданд. Болову поёни он хум холӣ буд. Ҳарорати оташ аз болову поён таъсир карда, он хум ба монандӣ оҳан сурх шуда ва чин дар даруни он хум фарёду фиғон мекард, ҳеҷ суде надошт.

Билохир, фарёд карда-фарёд карда, ба монандӣ саргин сӯхта бимурд.

Мардумон ба ҷониби Ҳотам нигоҳ карда гуфтанд:

— Эй бузург, акнун чӣ бояд кард?

Ҳотам гуфт:

— Эй бародарон, хотири худро ҷамъ доред, ки бало аз сари шумоён дур шуд.

Ҳамаи мардумону подшоҳ дар қадами Ҳотам афтода офаринҳо мекарданд. Дарҳол зари бисёре ҷамъ карда ба хизмати Ҳотам оварданд.

Ҳотам гуфт:

— Эй бародарон, ин ҳама зару зевари шумоён маро даркор нест. Ҳарчӣ кардам, ба ризои ҳақ кардам, на аз барои зару моли дунё.

Дарзамон ҳамаи он мардумон дастҳои худро ба дуо бардошта гуфтанд:

— Илоҳӣ ба умри ҷавони ҳамин бузургзода баракат ато кунӣ ва ба матолиби ду ҷаҳон восил гардонӣ. Аммо ин зарҳо, агар даркори ту нест, ба дасти худ ба фақирому мискинон ато намо, ки онҳо низ туро ба дуои хайр ёд хоҳанд кард.

Ҳотам ҳамаи он зарҳоро ба худи инҳо таслим намуда гуфт:

— Худи шумоён ба фақирон ато намоед.

Дарҳол ҳамаи он зарҳоро ба мустаҳиқон тақсим карда доданд. Баъд аз он шоҳ ва ҳамаи раоёи вай Ҳотамро ҳафт шабонарӯз нигоҳ дошта меҳмондориҳо намуданд. Баъд аз ҳафт рӯз Ҳотам аз шоҳ ва аз ҷамъи мардумон рухсат гирифта, ба тарафи шаҳри Қаттон равон шуд.

1 Хема — ҳезум.

пешина
аз 269
навбатӣ