Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъд аз ҳафт рӯз ба он кӯҳе, ки пир гуфта буд, расид ва аз он кӯҳ гузашта пештар рафта дид, ки биёбони азиме ва дар он биёбон ҳафт рӯз роҳ гашта, аҷоиботу ғароиботро тамошо карда мерафт. Билохир, бар сари дуроҳае расида фикр кард ва ба худ гуфт: «Ба фармудаи бузургон амал бояд намуд». Ба роҳи дасти чап равона шуд, чаро ки пирамард роҳи дасти ростро пури хатар гуфта буд. Боз дар дил овард: «Ба роҳи дасти чап чанд қадам гаштаам, акнун ба роҳи дасти рост рафтан беҳтар аст». Ин бигуфт ва ба роҳи дасти рост даромада равон шуд ва дар дил овард, ки:

«Ҳамаи балоҳову офатҳои ин роҳро бо хости Худо дур ва дафъ хоҳам гардонид ва аз мардумони он шаҳр низ дуои хайр хоҳам гирифт. Агар дар ин роҳ ба ҳалокат расам, боке нест». Ин андешаҳо карда роҳ мерафт. Ногоҳ мағелоне аз пеш баромад. Ба чандон машаққат аз он хористон гузашт ва дид, ки тамомии баданаш ва либосҳояш пора-пора гашта. Дар дил овард, ки «гуфтаи он пир рост будааст». Боз чанд вақт роҳ гашта ба дашти чиҳилпоён расид. Ҳотам дид, ки ҳазорон-ҳазор чиҳилпоён ҳар кадом баробари паланге, қасди хӯрдани ӯ карда расиданд. Тарсе дар дилаш пайдо шуда, ларза дар баданаш афтод ва дар кори худ дармонд. Дар ин ҳин рӯ ба ҷониби осмон карда менолид. Дарсоат ҳазрати Хизр расиданд ва гуфтанд:

— Эй Ҳотам, касе ки ба гуфтаи бузургон амал накунад, ин ҳол ӯро пеш ояд.

Ҳотам гуфт:

— Ё бузургвор, бад кардам.

Ҳазрати Хизр гуфтанд:

— Эй Ҳотам, ҳамон мӯҳрае, ки дар даст дорӣ, бар замин андоз.

Ҳотам он мӯҳраро аз миёни худ гирифта, бар замин андохт. Дид, ки замин аввал зард шуд, дувум сиёҳ, севум сабз, чаҳорум сурх гардид.

Эшон дар он ҳин аз назари Ҳотам ғоиб шуданд ва он чиҳилпоён девонавор бо якдигар дарафтоданд ва ба ҷанг якдигарро пора-пора мекарданд. Ҳотам ин ҳолро дида мутааҷҷиб мешуд.

Алкисса, чиҳилпоён се шабонарӯз бо якдигар дарафтоданд ва яке зинда намонд. Ҳотам хост, ки мӯҳраро аз замин бигирад, боз ба дил гуфт: «Мабодо ки боз зинда шаванд. Гузорам, пусту гӯшти инҳо об шуда, ба хоки сиёҳ яксон гардад, он замон мӯҳраро аз замин хоҳам

пешина
аз 269
навбатӣ