Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
гирифт». Дар он мақом се рӯз биистод. Пӯсту гӯшти чиҳилпоён пӯсида бар замин яксон шуд. Баъдуҳу мӯҳраро аз замин гирифта равона шуд. Муддате роҳ гашта буд, ки бешаи рӯин¹ пеш омад. Пештар рафта буд, ки рӯини бисёр дар наълайни² Ҳотам даромада, пойҳои ӯро маҷрӯҳ кардан гирифтанд. Ҳарчанд ки либосҳои худро пора карда мепечид, ҳеҷ суде надошт. Билохир, рӯинон пойҳои Ҳотамро пора-пора карданд. Ҳотам дар дил гуфт: «Эй Ҳотам, мисли ту ноқобиле дар тамоми олам набуд. Он пир дастгири ту шуда, роҳи рости бехатар намуда буд, ҳар офату меҳнате туро пеш ояд, равост, акнун пушаймонӣ суд надорад».
Алкисса, дар даруни он беша лангон-лангон роҳ гашта, баъд аз чанд муддат аз он беша гузашта наълайн аз пой берун карда дид, ки тамоми наълайн ва пойҳои ӯ ба монанди ғирбол сӯрох-сӯрох шуда. Резаҳои рӯинро аз пойҳои худ кашида берун андохт ва ба ҷониби шаҳри Қаттон равона шуд. Дар дил мегуфт: «Аз ҳамаи балоҳо халос шуда, ба хотирҷамъӣ роҳ хоҳам гашт», аммо намедонист, ки балои азим дар пеш аст.
Алғараз, муддате роҳ гашта, дар биёбоне расид. Дид, ки он биёбон макони каждумон будааст. Бӯи Ҳотамро гирифта ҳамаи он каждумон аз замин сар бароварда, ба ҷониби Ҳотам давиданд. Ҳотам дид, ки калонии ҳар кадоми он каждумон монанди рӯбоҳ ва тахтаи пушти онҳо ба монанди санги осиё. Дидан баробар ларза дар андоми Ҳотам афтод ва ақлу ҳуш аз даст дода, ба чаҳор тарафи худ назар мекард. Ногоҳ он пир ба сарвақти Ҳотам даррасид ва гуфт:
— Эй Ҳотам, мардона бош ва лаҷоми тоқат аз даст мадеҳ!
Ҳотам гуфт:
— Ё бузургвор, ин ҳама газандаҳоро дидан маро тоқат нест. Агар неши худро ба фил зананд, тамоми бадани фил заҳроб хоҳад гардид.
Пир гуфт:
— Эй Ҳотам, ҳамон мӯҳраи худро бар замин андоз.
Ҳотам хост, ки мӯҳраро гирифта бар замин андозад, дасташ чандоне қувват надод ва пир мӯҳраро гирифта бар замин андохт. Вақте ки мӯҳра бар замин аф-
¹ Рӯин — оҳан, мис, биринҷӣ ва ғайра.
² Наълайн — кафш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё