Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

тод, ранги замин ба монандӣ биёбони чиҳилпоён шуда, каждумон бо якдигар дарафтоданд ва якдигарро неш мезаданд, шикам варам карда метаркиданд ва ҳалок мешуданд. Ҳотам се шабонарӯз дар он ҷо буд. Дид, ки аз каждумон яке зинда намонд ва ҳамаи онҳо ба хоки сиёҳ яксон шуданд, муҳраро гирифт ва ба ҷониби шаҳри Қаттон равона шуд.

Баъд аз чанд рӯз ба ҷое расида, дид, ки шаҳри азиме. Мардумони он шаҳр Ҳотамро дида пурсиданд, ки:
— Эй ҷавони мусофир, аз кадом роҳ омадӣ?
Ҳотам гуфт:
— Аз фалон роҳ омадам.
Ҳамаи он мардумон ҳайрон шуданд ва гуфтанд:
— Эй ҷавон, чӣ гуна аз он роҳ ҷон ба саломат овардӣ ва он роҳ зиёда серофат ва пурбалост. Дар он роҳ чиҳилпоён, каждумон, руинон ва мағелонон буданд, аз онҳо ба кадом тадбир гузашта омадӣ?

Ҳотам гуфт:
— Эй бародарон, бо ҳамаи он балоҳо, ки шумо мегӯед, мубтало шуда будам, бо хости Худо саломат ба ин ҷо расидам. Дарранда ва газандаҳои ин роҳ ба ҳалокат расида ночиз гардиданд, аммо руинон ва мағелон ҳастанд.

Мусофирон ва тоҷирон, ки дар ин шаҳр буданд, хостанд ба роҳи дур раванд. Чун аз Ҳотам ин суханро шуниданд, рафтани аз он роҳро ихтиёр намуданд. Аз забунии он роҳ шаҳр қариб харобу вайрон шуда буд.

Алқисса, подшоҳи шаҳрро хабар шуд, ки як ҷавони мусофире аз он роҳи пурхатар омада мегӯяд, ки роҳ аз ҳамаи офату газандҳо¹ холӣ ва бехатар шудааст, бозаргонон ихтиёри рафтани бо он роҳ кардаанд.
Шоҳ фармуд:
— Ҳеҷ кас бо он роҳ бетаҳқиқ наравад!
Шоҳ роҳдоронро фармуд, ки рафта аз он роҳи пурхатар хабар гиред, ки ҳамин муқаддима рост аст ё дурӯғ. Ҳотамро дар назди худ хонда гуфт:
— Эй ҷавон, ин ҳама ранҷи роҳ кашида омадӣ, дар ин шаҳри мо чанд рӯзе ором гир, то кӯфти роҳ аз ту дур шавад.

Шоҳро мақсад аз истодани Ҳотам донистани ин буд.

¹Газанд — хавф, зарар.

пешина
аз 269
навбатӣ