Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки сухани ӯ рост аст ё дурӯғ. Агар рост бошад, бисёр хуб ва илло сар аз танаш ҷудо карда ба дор бикашад.

Чун мулозимон рафта он роҳро дида омаданд, гуфтанд:

— Эй шоҳ, ҳамаи даррандагону хазандагон аз он
роҳи пурбало нопадид шудаанд.

Шоҳ аз шунидани ин сухан шодмон шуда, ба атрофу ҷавониб номаҳо фиристод, ки «роҳи пурбало ба амният табдил ёфтааст, ҳамаи офатҳо дур ва дафъ шудааст. Албатта беҳарос ва бемулоҳиза тоҷирон ва ҳоҷатмандон омадурафт аз он роҳ намоянд». Ҳотамро бар макони олӣ нишонида симу зар бахшид ва узри бисёре карда гуфт:

— Эй ҷавон аз ман хатои бисёре ба вуқӯъ омада, онро авф намой.

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ, чӣ хато будааст? Аз он рӯзе, ки дар ин шаҳр дохил шудам, тамоми авқоти худро ба хушвақтӣ гузаронидам. Маро ҳеҷ маълум нест, ки ин ҳама узрхоҳии туро сабаб чӣ бошад.

Шоҳ гуфт:

— Эй ҷавон, туро аз мӯҷиби узри ман хабар набуда. Ба зоҳир озод будӣ, аммо пинҳонӣ чанд нафарро ба ту нигаҳбон гузошта будам, ки ҷое наравӣ, то он ки роҳдорон рафта аз роҳ хабар биёранд. Агар сухани ту дурӯғ бошад, саратро ҷудо карда ба дор бикашам.

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ, ин ҳама андешаҳо, ки ту кардай, айни адолат аст, чаро ки дурӯғгӯйро инчунин ҷазо лозим аст, аммо ман дурӯғ нагуфта будам.

Боз гуфт:

— Эй шоҳ, ҳамаи он узри туро қабул намудам ва аз ҷамеи андешаҳои ту даргузаштам ва ин ҳама симу заре, ки дар пеши ман ниҳодай, маро чӣ кор ояд, касе надорам, ки бор карда барам.

Шоҳ гуфт:

— Туро борбардор низ хоҳам дод. Чанде аз мулозимонро фармоям, ин ҳама зарҳоро дар ватани ту расонанд.

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ, маро дар пеш корест, то ҳақиқати он кор маълуми ман нашавад, рӯ ба ватан наёрам.

пешина
аз 269
навбатӣ