Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Шоҳ гуфт:
— Эй ҷавон, бигӯ, туро чӣ пеш омадааст? Агар ҳамроҳ мехоҳӣ, бо ту рафоқат намоем.
Ҳотам гуфт:
— Дар ин кор аз касе ёрӣ нахоҳам. Бояд ки маро роҳи шаҳри Қаттон намоӣ.
Шоҳ гуфт:
— Магар туро дар шаҳри Қаттон корест?
Ҳотам гуфт:
— Шунидаам Ҳаммоми бодгард дар он ҳудуд будааст.
Шоҳ гуфт:
— Эй ҷавон, чандин шоҳону амирон ба талаби ӯ рафта наёфта, ҳиҷолатманд шуда омадаанд ва дигар касе, ки дохили Ҳаммоми бодгард шуд, аз тилисмоти он ҳаргиз набаромад ва ҳеҷ асаре аз он маълум не, ки аз сари эшон чӣ гузашта бошад ва ба куҷо рафта бошанд.
Ҳотам гуфт:
— Бо вуҷуди ин ҳама балоҳову тилисмот, ин корро ихтиёр намудаам, ҳарчи бодо бод. Умед аз карами Худо дорам, ки ҳама мушкилоти маро осон гардонад ва ҳақиқати Ҳаммом маълуми ман шавад.
Ҳарчанд ки шоҳ насиҳат кард, Ҳотам қабул намекард. Шоҳ дид, ки Ҳотам беихтиёр шуда сухани ӯ таъсир нахоҳад кард, ноилоҷ чанде аз мулозимони худро фармуд, ки ба ин ҷавон роҳи шаҳри Қаттонро намуда боз оянд. Мулозимон гуфтанд:
— Фармонбардорем!
Алкисса, Ҳотам бо подшоҳ видоъ намуда, бо мулозимони шоҳ равона шуд. Баъд аз чанд рӯз ба ҷое расида диданд, ки гузаштан аз он ҷо маҳол буда.
Мулозимон гуфтанд:
— Эй ҷавон, моёнро рухсат фармо, ки аз ин мақом бозхоҳем гашт. Аз ин ҳад он ҷониб ҳадди шаҳри Қаттон аст.
Ҳотам онҳоро рухсат намуда, худ роҳӣ шуд. Баъд аз ду рӯз ба деҳае расид. Мардумони он деҳа пурсиданд, ки:
— Эй ҷавон, аз куҷоӣ ва аз кадом роҳ омадӣ?
Ҳотам ҳамаи саргузашти худро баён карда буд, ки ҳамаи он мардумон аз ин суханҳои Ҳотам шод шуданд ва Ҳотамро дар он ҷо шаб нигоҳ дошта меҳмондориҳо намуданд. Алассабоҳ аз ин деҳа баромада ба ҷониби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё