Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

шаҳри Қаттон равона шуд. Баъд аз чанд рӯз ба шаҳри Қаттон расида дохили корвонсаро гардид. Чанд рӯз дар он мақом ором гирифта, кӯфтаи роҳро аз худ дур кард. Баъд аз чанд рӯз ду лаъл ва чанд алмоспора туҳфа гирифта, ба дари боргоҳи Ҳорисшоҳ рафт. Ҳоҷибон дида ба хидмати шоҳ расонданд, ки ҷавоне омада ба дари боргоҳ истода, рухсат мехоҳад. Шоҳро фармон чӣ бошад?

Шоҳ гуфт:
— Ӯро андарун биёред.

Дарҳол мулозимон Ҳотамро андарун расонданд.
Ҳотам аз дари боргоҳ даромада забон ба васфи шоҳ кушода, таслимоту адаби шоҳона ба ҷой овард. Даст дароз карда ду лаъл ва алмоспорае, ки оварда буд, дар пеши шоҳ гузошт. Шоҳ ин ҳама туҳфаҳои Ҳотамро дида хушҳол шуд, чаро ки дар хазоини худ инчунин сангпораҳои қиматбаҳо надошт.

Шоҳ донист, ки ин ҷавон акобирзода аст. Дарҳол Ҳотамро бар курсии мурассаъ нишонда пурсид, ки:
— Эй ҷавон, аз куҷойӣ ва ба кадом сабаб дар ин ҷойҳо қадам овардӣ?

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, бидон ва огоҳ бош, муддатест, ки ихтиёри саёҳат карда шаҳр ба шаҳр мегардам. Аммо ватани фақир Яман аст. Алҳол аз мулки Хуросон ва аз шаҳри Ҳуснобод меоям. Чанд вақт аст, ки авсофи ҳамидаи шаҳри ҷаҳонпаноҳро шунида, орзуи дидани ҷамоли бокамолашон дар дил ҷой гирифта.

Шоҳ аз шунидани ин калом Ҳотамро навозиши бисёре намуда гуфт:

— Эй ҷавон, хуш омадӣ ва қадами сафо овардӣ. Алҳол истиқомат дар куҷо дорӣ?

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, алҳол дар корвонсаро қарор гирифтаам.

Шоҳ гуфт:
— Эй ҷавон, наздики ман ҳуҷраест, бояд ки чанд рӯз дар он ҷо ором гирӣ.

Ҳотам гуфт:
— Фармон мар шуморост.

Алкисса, омада дар он ҳуҷра маскан карда, ҳар рӯз
ба каломҳои рангин ва суханҳои ширин шоҳро ба худ
мубтало карда буд. Агар шоҳ Ҳотамро як рӯз намедид,

пешина
аз 269
навбатӣ