Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

чанде аз мӯътабарони худро фиристода дар сӯҳбати худ меовард. Бад-ин минвол шаш моҳ гузашт. Шоҳ дар аксари авқот Ҳотамро дар назди нудамон худ таърифҳо менамуд ва мегуфт:
Эй кубаро¹, ин ҷавон дар ин шаҳри мо муқим мешуд, чӣ хуб ва беҳтар буд.
Надимон гуфтанд, ки:
Эй шоҳ, дар боби хубрӯй ва ширингӯй назир надорад ва аз ҳеҷ ваҷҳ кӯтоҳӣ ҳам надорад. Муҳаббати ин ҷавон дар дили моён низ ҷой шудааст.
Алгараз, рӯзе Ҳотам шоҳро шодмон дида, чанд ҷавоҳири қиматбаҳо дар назди шоҳ гузошт.
Шоҳ гуфт:
Эй ҷавон, пеш аз ин маро бо эҳсони худ мамнун гардонида будӣ, ҳанӯз аз ӯҳдаи он берун намешавам. Муддатест, ки дар назди ман ҳастӣ, ҳеҷ чизе аз ман талаб наменамой. Орзӯе дар дил дорам, ки ҳар чӣ туро ба кор ояд, онро муҳайё намоям.
Ҳотам гуфт:
Эй шоҳ, аз айёми давлати шумо маро ба ҳеҷ чизе эҳтиёҷ набуда, чаро ки мардумони сайёҳ ба такаллуф коре надоранд.
Шоҳ гуфт:
Эй ҷавон, ин мулкро аз худ дониста, ҳарчӣ марғуби табъи ту бошад, бифармо, то онро ҳозир созем ва ҳамаи хосону мутеъони ман фармонбардори ту бошанд. Чаро ки туро ман ба ҳукумати ин мулк шарик кардаам.
Ҳотам гуфт:
Эй шоҳ, ҳамаи орзӯҳои ин дунё аз ман рафта, магар як мақсуд то дами мурдан дар дили ман буда.
Шоҳ гуфт:
Он кадом аст? Бигӯ, агар туро рағбат ба зан бошад, духтаре дорам дар паси парда, онро ба ту бидиҳам.
Ҳотам гуфт:
Эй шоҳ, духтари ту ба ҷои хоҳари ман бошад, аммо орзӯе, ки дар дил дорам, ба хизмати шоҳ арза намоям, мақбул шавад, бисёр хуб ва илло шоҳ мухторанд.
Шоҳ гуфт:
Эй ҷавон, агар тахти мамлакат даркор аст, инак

1 Кубаро - кабирон, бузургон.

пешина
аз 269
навбатӣ